Вайронӣ ва ҳалокати сокинон дар пайи боронҳои шадид дар Аврупо
Боронҳои сахту пайдарпайи се рӯзи охир боиси баланд шудани оби дарёҳо дар қисмати марказӣ ва шарқии Аврупо шуд. Ин ҳодиса сабаби марги чандин нафар ва бехонумон шудани садҳо каси дигар гашт.

9
Шаҳри Братислава, пойтахти Словакия. Дар соҳили дарёи Дунай сад(д) мегузоранд. Боронҳои рӯзҳои охир боиси баланд шудани оби дарёи Дунай дар Словакия ва Влтава дар Чехия шуд.

10
Як зан баъди ба ҷойи амн расидан хешовандашро дар оғӯш мегирад. Йесеника, Чехия.

11
Ин мардон чигуна хароб шудани манзилҳоро назора доранд. Боронҳои се рӯзи охир дар минтақаи Йесеникаи Чехия вайрониҳои зиёдро дар пай дошт.
Петр Фиала, сарвазири Чехия, гуфт, зиёда аз 12 ҳазор касро аз минтақаҳои селзада ба дигар ҷой кӯчониданд.
Петр Фиала, сарвазири Чехия, гуфт, зиёда аз 12 ҳазор касро аз минтақаҳои селзада ба дигар ҷой кӯчониданд.