Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Се духтарашро ба наздикон доданд, худашро дастгир карданд"


Фарҳод Неъматов (Негматов)
Фарҳод Неъматов (Негматов)

Шахсони наздик ба Фарҳод Неъматов (Негматов), як фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ, гуфтанд, ки ӯ баъди ронда шудан аз Шветсия дар Тоҷикистон дастгир шудааст.

Иттиҳоми зидди ӯ маълум нест.

Фарҳод Неъматов (Негматов)-ро бо се духтараш рӯзи 27-уми декабри соли 2024 аз Шветсия ихроҷ карданд. Ҳамсараш дар кишвари дигар қарор дорад ва берун аз Тоҷикистон аст.

Ин хонавода қаблан дар Украина қарор дошт ва баъд аз ҷанги бедалели Русия ба шаҳри Гётеборги Шветсия рафт. "Фарҳод Неъматов борҳо ба гирифтани ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ муроҷиат кард, вале посухи рад гирифт," – гуфт як нафари огоҳ аз қазия.

Яке аз наздиконаш рӯзи 7-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар дод, ки мақомот дар Тоҷикистон се фарзанди Фарҳод Неъматовро ба пайвандонаш супурдаанд.

"Баъди бештар аз даҳ рӯз ба волидонаш хабар додаанд, ки ба дидани худаш ба шаҳри Душанбе биоянд. Онҳо аз Хистеварз (ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) ба роҳ баромадаанд,” -- гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба далели амниятӣ номаш фош намешавад.

Вазорати корҳои дохилӣ ва ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон дар бораи боздошти Фарҳод Неъматов (Негматов) хабар надоданд. Номаш дар рӯйхати шахсони таҳти ҷустуҷӯ дар Тоҷикистон дида нашуд.

Баъзе аз ҳамсуҳбатони огоҳи Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти Тоҷикистон Фарҳод Неъматовро гуё ба ҳамкорӣ ва узвият дар “Ҳизби Таҳрир” айбдор медонанд. Фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон мамнуъст. Пайвандонаш ин фарзияро инкор карданд.

Фарҳод Одинаев, як фаъоли мухолифон, мегӯяд, Неъматов дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар Фейсбук, фаъол буд ва назари танқидӣ дошт. “Мақомоти Шветсия қабл аз ихроҷаш ба Тоҷикистон мебоист пайомади онро ба эътибор мегирифтанд,” – гуфт ӯ.

Дар саҳифаи Фарҳод Неъматов (Негматов) дар Фейсбук навору матнҳои зиёде дар бораи хилофату ҳукумати исломӣ низ нашру ташвиқ шудааст.

Фарҳод Неъматов (Негматов) зодаи деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аст. Ӯ ҳамроҳи зану фарзандонаш соли 2019 аз Тоҷикистон ба Украина рафта буд.

Маълумот

Беш аз даҳ сол боз гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар кишвар, дар Аврупо паноҳанда шуданд. Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд.

То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст.

Бо вуҷуди ҳушдорҳо аз эҳтимоли шиканҷаву ҳабс шуданаш дар Тоҷикистон, мақомоти Олмон фаъоли мухолифон Дилмурод Эргашевро моҳи октябри соли 2024 аз хоки ин кишвари аврупоӣ берун карданд. Ба гузориши Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ӯ дар Душанбе аст ва дар ҳабси пешакӣ.

Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри соли 2023 Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гурӯҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.

Мақомоти Олмон дар моҳи январи 2023 Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.

Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.

XS
SM
MD
LG