Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори як ниҳоди Русия дар бораи имтиҳонгирии муҳоҷирон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

"Рособрнадзор" ё Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия ба донишгоҳҳои ин кишвар ҳушдор додааст, ки ҳангоми имтиҳонгирии муҳоҷирони меҳнатӣ ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд.

Ин ниҳод ҳафт донишгоҳи Русияро огоҳ намудааст, ки ҳангоми имтиҳони муҳоҷирон аз забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар талаботи ҳатмиро риоя кунанд, вале ҷузъиёти бештар дода нашудааст.

Ин ҳушдор баъди он дода шуд, ки Вазорати корҳои дохилии Русия гуфт, донишгоҳҳои ин кишвар ҳангоми имтиҳони муҳоҷирон ба қонуншиканӣ роҳ медодаанд.

То ин вақт ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳақ доштанд аз забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русия аз муҳоҷирон имтиҳон гирифта, ба онҳо шаҳодатнома диҳанд. Аммо аз 1-уми майи соли ҷорӣ дигар чунин ҳақро надоранд.

Бар асоси қоидаҳои нави имтиҳонгирӣ, дар ҳар минтақаи Русия як донишгоҳ вазифадор мешавад, ки аз муҳоҷирон имтиҳон гирад.

Баъд аз ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳолл" дар наздикии Маскав, санҷишу тафтиши муҳоҷирон ва тартиби гирифтани имтиҳон аз онҳо сахтар шудааст.

XS
SM
MD
LG