Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина аз Эрон хост, ба Русия силоҳ надиҳад


Як навъи мушаки эронӣ дар як намоишгоҳи силоҳ
Як навъи мушаки эронӣ дар як намоишгоҳи силоҳ

Вазорати корҳои хориҷии Украина аз нашри хабарҳо дар мавриди интиқоли мушак аз Эрон ба Русия нигаронӣ кард.

Ин вазорат дар хабарномае гуфтааст, ки ин хабар тасдиқ шавад, "оқибати харобиовар" дар муносибати Украина ва Эрон хоҳад дошт.

Дар ин хабар аз Эрон хоста шудааст, ки аз додани ҳар гуна силоҳ ба Русия худдорӣ кунад. Украина аз ҷомеаи ҷаҳонӣ низ хостааст, ки Теҳронро фишор оранд, то ба Русия силоҳ надиҳад.

Телевизиони CNN ва нашрияи The Wall Street Journal ба наздикӣ хабар доданд, ки Эрон ба Русия 200 мушаки кутоҳпарвоз додааст. Ин ду расона навиштанд, ки хабарро аз манбаҳои худ дар Хадамоти истихборот дарёфт кардаанд.

Намояндаи Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид ин хабарро рад кард.

Украина ва шарикони ғарбиаш Эронро ба он айбдор мекунанд, ки ба Русия ҳазорон бесарнишин додааст, ки русҳо дар ҷанг истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG