Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев хостааст, ки мақоми пешинаашро ба ӯ баргардонанд


Аксар Оқоев аз соли 1990 то соли 2005 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд.
Аксар Оқоев аз соли 1990 то соли 2005 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд.

Аскар Оқоев, раиси ҷумҳури нахустини Қирғизистон аз порлумони кишвараш хостааст, ки мақоми ӯ ба ҳайси президенти собиқро барқарор кунад. Дар ин бора Чулпон Султонбекова, вакили мардумӣ рӯзи 5-уми сентябр хабар дод.

Аскар Оқоевро соли 2010 ва панҷ сол баъд аз фирораш ба Маскав аз ин мақом маҳрум сохтанд. Қиёмҳои мардумӣ сабаб шуд, ки ӯ ватанашро тарк кунад. Ӯро дар он замон ба фасоду ришвахорӣ муттаҳам мекарданд.

Соли 2023 тамоми иттиҳомот ба зидди Аскар Оқоевро беъэтибор карданд, чун бар асоси қонун мӯҳлати ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ ба поён расид. Аскар Оқоев аз соли 1990 то соли 2005 раиси ҷумҳури Қирғизистон буд ва баъди тарки кишвараш чандин сол ба онҷо барнагашт.

Фақат дар соли 2021 чанд дафъа барои муддати кӯтоҳе ба Бишкек рафт ва дар онҷо ӯро дар Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон бозпурсӣ карданд.

XS
SM
MD
LG