Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиори "Занони афғонро озод кунед" Манижаро аз мусобиқот маҳрум кард, вале ӯ пушаймон нест


Манижа Талош, раққосаи афғон, ки тими паноҳҷӯёнро дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис намояндагӣ мекард ва барои як шиор аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум шуд, мегӯяд, аз коре ки кард пушаймон нест.

Манижа Талош бо навиштае дар пироҳанаш барои озодии занони афғон, ки Толибон ҳоло аз ҳаққи кору таҳсилу ҳуқуқи дигари инсонӣ маҳрум сохтаанд, садо баланд кард ва мегӯяд, ин корашро идома медиҳад.

Манижа Талош мегӯяд, "ман аз бурқаъ бол сохтам ва хостам барои ҷаҳониён нишон бидиҳам, ки духтарони Афғонистон он қадар қудрат доранд, ки метавонанд, аз пилла парвона бисозанд".

Манижа дар ин болҳояш шиори "Занони афғонро озод кунед" навиштааст ва барои ҳамин аз ҳаққи ширкат мусобиқоти брейкданси Бозиҳои олимпии тобистона дар Фаронса маҳрум шуд. Мегӯяд, аз коре, ки кард, пушаймон нест.

"Мехоҳам, бигӯям, кореро, ки ман анҷом додам, як шиори сиёсӣ набуд. Мисли як дархост аз ҷаҳониён буд, вале ман агар мефаҳмидам, ки аз мусобиқот ҳазф мешавам, боз ҳам ҳозир будам, ки ин корро анҷом бидиҳам. Ҳатто агар ба ақиб баргардем, дубора анҷом медиҳам".

Шиори "Занони афғонро озод кунед" дар Порис Манижаро аз мусобиқот маҳрум кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Дар Бозиҳои олимпӣ шиору баёниҳои сиёсӣ манъ аст ва ҳар варзишгаре, ё дастае ин корро кард, танбеҳ мегирад, ё мусобиқот маҳрум мешавад. Манижа Талош дар мусобиқоти брейкданс паноҳҷӯёнро намояндагӣ мекард. Маҳрум шуданаш аз бозӣ ҳаёҳуи зиёдеро барангехт, чун барои ҳаққи занони афғон садо баланд кард.

Аммо Манижа Талош мегӯяд, манзураш ҳаққи берун рафтан аз хона, ҳаққи сӯҳбат дар ҷомеа ва аз ҳама муҳимтар таҳсил аст ва ӯ ба хотири ҳамин, инҷо ҳаст ва талош мекунад.

Гурӯҳи ифротии Толибон, ки се сол пеш дигарбора дар Афғонистон ба қудрат баргашт, занони афғонро тақрибан аз ҳамаи ин ҳуқуқ маҳрум кард. Пас аз омадани онҳо Манижа ва ҳазорон духтари мисли ӯ аз кишвар гурехтанд. Бисту як сол дорад ва айни ҳол дар Испониё зиндагӣ мекунад.

Дар ин нишасти хабарӣ дар рӯзи 1-уми сентябр дар Фаронса ба ҳамватанони ранҷкашидааш дар Афғонистон бо буғз дар ғулӯ ва гиряи марворидшакл дар чашмон, чунин паёме фиристод.

Манижа Талош гуфт, "мефаҳмам, ки ҳамаи мо имрӯз нороҳат ҳастем ва қалбҳои мо дард мекунад. Мехоҳам барои духтарони Афғонистон бигӯям, ки имрӯз агар ман зинда ҳастам, далелаш фақат шумо ҳастед. Шумо барои ман энержӣ медиҳед. Лутфан, лутфан, таслим нашавед, барои касоне, ки фақат ба хотири шумо зинда ҳастанд. Мо як рӯз дубора канори ҳам ҷамъ хоҳем шуд ва дар кишвари худамон, дар хонаи худамон, дар хоки худамон, бо сулҳу оромиш ва бо озодии баён зиндагӣ мекунем. Хеле зиёд ташаккур ва умедворам дубора ҳамаамон баргардем".

Ҳеч кишвари ғарбӣ то кунун ҳукумати Толибон ба расмият нашинохтаанд ва гуфтаанд, як шарти ин кор хотима додан ба ҷабру зулм бар занон ва бозгардонидани ҳаққи кору таҳсил ба онҳост.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG