Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мария бо кумаки Радиои Озодӣ падари тоҷикашро ёфт. (Рӯзгори муҳоҷир #25)


"Дар зиндагиям ҳама чиз тағйир ёфт. Ман хеле хурсандам, ки бародарону хоҳаронамро пайдо кардам.  Мехоҳам ба  тамоми дунё дар ин бора  нақл кунам."

Хурсандии Мадина ва ё Мария Даскал аз Молдова ва ҳаяҷони бародари ӯ Эмомалӣ Раҳимов аз Тоҷикистон, ки то чанд моҳ пеш аз вуҷуду дар куҷо будани ҳамдигар хабар надоштанд.

Барномаи “Рӯзгори муҳоҷир” ин риштаи гусастаро пайванд дод ва наздиконро ба дидори якдигар расонд. Се моҳи пеш дар ин вижагуфтор қиссаи риққатовари Мадинаи 18 соларо пешкаш карда будем, ки падари тоҷикашро меҷуст.

Саргузашти ӯ ба дилҳои шумо бетаъсир намонд ва дарҳол баъди нашри барнома даҳҳо нафаре пайдо шуданд,ки мехостанд ба Мадина дар ёфтани падар кӯмак расонанд. Дар миёни онҳо -Эмомалӣ Раҳимови 30 сол низ буд, ки бо боварии том гуфт Мадина хоҳари хунии онҳост. Баъди санҷиши ҳарфҳои Эмомалӣ ва бовари ҳосил кардан ба дурустии он, мо рақами Мадинаро барояшон додем, то бо ҳамдигар сӯҳбат кунанд. Мадина мегӯяд, он занг зиндагияшро куллан иваз кард.

«Ман ҳеҷ интизор надоштам, ки онҳоро ин қадар зуд пайдо мекунам. Фикр мекардам, ки шояд чанд моҳро дар бар мегирад. Дар рӯзи якуми нашри барнома бародари падарам, амакам Файзалӣ ба ман занг зад. Бо ману модарам сӯҳбат кард. Аз модарам хост, иҷозат бидиҳад, ки ман барои дидани бародарону хоҳаронам ба Тоҷикистон биёям. Модарам розигияшро дод. Амакам гуфт, ташаккур ки 18 сол боз акси падарамро ҳифз кардаем. Онҳо, ҳеҷ мунтазир набуданд, ки ман онҳоро меёбам. Хеле хурсанд шуданд. Ҳамаашон дар ҳайрат монда буданд,»-нақл мекунад Мадина.

Барномаро инҷо тамошо кунед:

"Ба мурдани падар бовар надорам!"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:28:55 0:00

Тавре маълум шуд, Назаралӣ Раҳимов, падари Мадина сокини ноҳияи Ҷайҳун, собиқ Қумсангири вилояти Хатлон аст. Ӯ тақрибан 25 соли умрашро дар муҳоҷират гузаронидааст. Дар ватан 5 фарзанд чашм ба роҳи ӯ буданд. Эмомалӣ фарзанди бузурги ин оила аст.

Тавре маълум, шуд солҳое, ки Мадина ба ҷустуҷӯи падар оғоз кардааст, ӯ аллакай дар қайди ҳаёт набуд. Мадина мегӯяд, вақте шунид,ки падараш даргузаштааст, дунё дар назараш торик шуд.

“Вақте ба ман гуфтанд, ки падарам вафот кардааст ман дарҳол гуфтам, ки инҳо хешони ман нестанд. Дар он рӯз бароям на бародарон ва на ҳеҷ каси дигар лозим набуд. Дилам интизор буд, ки шояд каси дигаре пайдо мешаваду бароям хабари зинда будани падарамро мерасонад. Баъдан Алӣ занг задаву, гирист. Ман дар ҳолати шок қарор доштам. Аз ӯ дар бораи падарам суол кардам. Дар рафти сӯҳбат фаҳмидам, ки онҳо воқеан пайвандони ман ҳастанд ва падарам дар қайди ҳаёт нест,»-мегӯяд ин ҳамсуҳбати мо.

Мадина бародараш Эмомалиро Алӣ меномад,ки акнун саробонии оилаи бузургашон бар дӯш дорад. Эмомалӣ гуфт, Мадина дар нахустин сӯҳбаташон шубҳаҳои зиёд дошт.

Эмомалӣ мегӯяд, дар бораи хоҳараш Мадина аз падараш шунида буд, аммо барои ҷустуҷӯи ӯ фурсат наёфта буд.

Барои Мадина қабули марги падар сахт аст. Ӯ то ҳанӯз ба марги ӯ бовар надорад ва мегӯяд, шояд баъди рафтан ба Тоҷикистон, ин ҳақиқатро қабул хоҳам кард.

«Ман то ҳанӯз марги падарамро қабул надорам. То ба ҳол интизори зангаш ҳастам. Дар хаёлам чунин аст, ки ӯ дар кадом як дуриҳост, вале зинда ҳаст. Ман Тоҷикистон мераваму ӯ ба пешвозам мебарояд. Ман ӯро сахт дар оғуш мегирам. Ман гоҳҳо гумон мекунам, ки ҳама маро дуруғ мегӯянд, ӯро аз ман пинҳон карда истодаанд. Вақте Тоҷикистон рафтам, ҳатман ӯро вомехӯрам»

Хабари даргузашти падар, модари Мадина Родика Доскалро низ такон додааст. Ӯ дар сӯҳбат бо мо аз Назаралӣ Раҳимов ба хубӣ ёд кард ва гуфт, ҳеҷ гоҳ ба дидори духтару падар мухолифат надошт.

“Вақте модарам хабари даргузашти падарамро шунид, гиря кард. Ӯ ҳам ба маргаш бовар надорад ва мегӯяд дидор дар насиб набудааст. Вақте модарам маро барои дидорбинӣ бо падарам ба Маскав бурда буд, ӯро пайдо карда натавонистем ва ба Молдова баргаштем. Чун дарси ман дар мактаб оғоз мешуд. Падарам ҳамон вақт занг зада буд ва модарам гуфт, ки алалкай дер шуд ва мо дар Молдова ҳастем. Тавре Алӣ гуфт, декабри ҳамон сол падарам аз дунё даргузашт.»

Мадина мегӯяд, дар аввал аз падараш ранҷида буд, чун ӯро дар хурдсолиш партофту боре суроғ накард. «Аммо ман ӯро бахшидам, ва хостам барояш як шонси дигар бидиҳам. Ҳоло бошад ман фаҳмидам, барои чӣ ӯ занг назадааст. Гоҳҳо фикр мекунам, ки ин ман дер кардаам. Агар ман ӯро каме барвақтар меёфтам, ҳама чиз дигар хел мешуд. Аммо тақдир ҳамин будааст.Вале мо ҳатман вомехӯрем »

Аз Эмомалӣ пурсидем, ки оё падар мегуфт, ки чаро ба суроғи духтараш ба Молдова намеравад? Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ ва бародару хоҳаронаш низ меҳри падарро ба серӣ надидаанд. Ин ҳама сол қуввати дили онҳо модаршон, буд, ки ӯро низ аз даст додаанд. Шояд дурӣ аз шавҳар ва ғаму андуҳи зиёд буд, ки модари 5 фарзанд 10 сол беморӣ кашид. Вақте Эмомалӣ аз модар қисса мекунад, гиря гулуяшро мефишорад ва бо алам мегӯяд,ки натавонист модарро аз чанголи марг бираҳонад.

Назаралӣ Раҳимов, мехостааст духтараш Мадинра ба Тоҷикистон оварда ва бо расму русуми тоҷикона ба шавҳар бидиҳад. Эмомалӣ гуфт, хост васъияти падарашро иҷро кунад. Тӯи арусии Мадина дар Молодова 5- уми октябри имсол ба нақша гирифта шудааст. Эмомалӣ ба ҷойи падар ин рӯзи муҳим дар бари Мадина хоҳад буд. Баъди издивоҷ Мадина бо шавҳараш ба Тоҷикистон рафтанист.

Мадина мегӯяд, аз он, ки дар фикри ҷустуҷӯи падар шуд, ҳеҷ пушаймон нест. Ӯ бовар дорад, агар наздиконашро 10 сол бад ҳам пайдо мекард, ҳамин эҳсосро медошт.

«Ҳама чиз дар зиндагиям иваз шуд. Бароям хеле дардовар аст, ки падарам дигар нест. Ман фикр намекардам, ки бародарону хоҳаронам маро ба оилаи худ қабул мекунанд. Гумон доштам, ки маро ба ҳоли худам мегузоранд. Аммо онҳо маро қабул карданд, ҳамроҳам сӯҳбат намуданд. Ва гуфтанд, ки ҳамеша дар бари ман хоҳанд буд. Ман ҳоло ба ҳама мегӯям, ки ман дигар танҳо нестам,»-дилашро холӣ мекунад Мадина.

Эмомалӣ ҳам мегӯяд, фарзандон бояд дар оғуши падару модар ба воя расанд. Ва ҳоло, ки саробонии оила бар дӯши ӯ афтодааст, кӯшиш мекунад,ҳамаи онҳоро сарҷамъ нигоҳ дорад.

XS
SM
MD
LG