Дар Олимпиадаи Порис-2024 аз рӯи ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо (аввал тилло, баъдан нуқра ва биринҷӣ) мунтахаби Чин дар мақоми аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 5 медал (4 тилло ва 1 нуқра) гирифтаанд.
Мақоми дувумро мунтахаби Бритониёи Кабир бо касби 6 медал (2 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) соҳиб шудааст. Мунтахаби Италия бо касби 9 медал (2 тилло, 2 нуқра ва 5 биринҷӣ) дар мақоми севум қарор дорад.
Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Нидерланд (2 медали тилло), Фаронса (1 медали тилло, 2 нуқра), Австралия (1 медали тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ), Бразилия (1 медали тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ), Дания, Венгрия (Маҷористон), Исроил, Ҷопон, Муғулистон, Перу, Полша (Лаҳистон) ва Сингапур, ки яктоӣ медали тилло гирифтаанд, дохиланд.
Дар рӯзи аввали мусобиқот аз намояндагони кишварҳои собиқи шӯравӣ Украина (2 медали нуқра ва 2 биринҷӣ), Узбекистон (1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ), Озарбойҷон (1 медали биринҷӣ) ва Гурҷистон (1 медали биринҷӣ) бо ҷоизаҳои Паралимпиадаи Порис сарфароз шуданд.
Пойтахти Фаронса се маротиба мизбони Бозихои олимпӣ буд, аммо Бозиҳои паралимпӣ бори аввал дар ин ҷо доир шудааст. Дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ дар шаҳри Порис варзишгарон дар 22 намуди варзиш барои 549 маҷмӯи ҷоизаҳо то рӯзи 8-уми сентябр мубориза мебаранд.
Варзишгарони Русия ва Беларус танҳо ба далели таҳримҳои марбут ба ҳамлаи Русия ба Украина дар Паралимпиада дар мақоми бетараф роҳ дода шудаанд. Ба онҳо иҷозаи истифода аз парчамҳои кишварашон манъ аст ва дар сурати пирӯзӣ суруди миллӣ садо дода намешавад. Дар рӯзи аввали мусобиқот варзишгарони Русия дар шиноварӣ ду медали нуқра ва як нишони биринҷӣ гирифтанд.
Илова бар ин, дар ин Бозиҳои паралимпӣ бузургтарин дастаи паноҳандагон дар таърих ширкат хоҳад кард. Варзишгарони Эрон, Сурия, Афғонистон, Камерун ва дигар кишварҳо дар 6 навъи варзиш – варзиши сабук, пауэрлифтинг, таэквондо, тенниси рӯи миз, триатлон ва пойга дар аробачаи маъюбӣ рақобат мекунанд. Дастаи мунтахаби гурезагон тақрибан 120 миллион нафарро дар саросари ҷаҳон намояндагӣ мекунад.
Паралимпиада бузургтарин чорабинии варзишӣ барои маъюбон мебошад. Он соли 1948 аз ҷониби пизишки олмонӣ Людвиг Гуттман таъсис ёфтааст, ки соли 1939 аз Олмони фашистӣ ба Бритониё фирор кардааст. Мусобиқа соли 1960 номи расмии Бозиҳои Паралимпиро гирифт. Аз он замон то инҷониб онҳо дар чаҳор сол як маротиба, аз соли 1988 дар ҳамон ҷое, ки Олимпиада баргузор мешавад, доир мегарданд.
ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ ДАР ПАРАЛИМПИАДАИ ПОРИС
Дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ кишварҳои Осиёи Марказиро 114 варзишгар намояндагӣ мекунад. Ҳайати мунтахаби УЗБЕКИСТОН дар Бозиҳои XVII тобистонаи паралимпӣ аз 65 варзишгар иборат аст. Варзишгарони узбек оид ба варзиши сабук, ҷудо, шиноварӣ, пауэрлифтинг, каноэ, қайиқронӣ, таэквондо, тирпарронӣ ва дучархаронӣ ҳунарнамоӣ мекунанд.
Мунтахаби Узбекистон дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ (аз соли 2004-ум то ҳоло) ҳамагӣ 53 медал (16 тилло, 13 нуқра ва 24 биринҷӣ) гирифтааст. Дар Паралимпиадаи Токио-2020 мунтахаби Узбекистон соҳиби 19 медал (8 тилло, 5 нуқра ва 6 биринҷӣ) гардида буд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҚАЗОҚИСТОН дар Паралимпиадаи Париж 44 варзишгар шомил аст. Онҳо дар 9 намуди варзиш, ба монанди ҷудо, пауэрлифтинг, таэквондо, варзиши сабук, тирпарронӣ, тенниси рӯи миз, шиноварӣ, қайиқронӣ дар каноэ ва волейбол рақобат мекунанд.
Мунтахаби Қазоқистон дар тӯли иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ (аз соли 1996-ум то ҳоло) ҳамагӣ 7 медал (2 тилло, 4 нуқра ва 1 биринҷӣ) гирифтааст. Дар Паралимпиадаи Токио-2020 варзишгарони қазоқ соҳиби 5 медал (1 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ) шуда буданд.
Варзишгарони ҚИРҒИЗИСТОН дар Паралимпиадаи Порис бо шумули чаҳор варзишгар дар пауэрлифтинг, триатлон, варзиши сабук ва ҷудо ҳунарварӣ мекунанд. Мунтахаби Қирғизистон дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ (аз соли 1996-ум то ҳоло) ягон медал нагирифтааст.
ТУРКМАНИСТОНро дар Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ дар Порис як варзишгар - Маягузел Экеева оид ба пауэрлифтинг муаррифӣ хоҳад кард. Варзишгарони туркман дар муддати иштироки худ дар Бозиҳои паралимпӣ (аз соли 2000-ум то инҷониб) медал ба даст наовардаанд.
БОЗИҲОИ XVII ПАРАЛИМПӢ БЕ ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ ТОҶИК
Дабири кулли Кумитаи паралимпии Тоҷикистон Абдурауф Алимов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мутаассифона, ягона варзишгари мо Шоҳрух Назаров дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило дар Гран-прии Тбилиси, ки мусобиқаи квалификатсионӣ ё интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Паралимпиадаи Париж-2024 ба ҳисоб мерафт, натавонист муваффақ шавад”.
Ба гуфтаи оқои Алимов, Кумитаи паралимпии Тоҷикистон, инчунин шаш варзишгарро дар риштаҳои варзиши сабук (дав ба масофаҳои 200 ва 400 метр), тенниси рӯи миз барои гирифтани квота ба Кумитаи байнулмилалии паралимпӣ пешниҳод кард, вале азбаски натиҷаҳои нишондодаи онҳо аз меъёрҳои муқарраршуда паст аст, ба Тоҷикистон квота дода нашуд.
Бояд зикр намуд, варзишгарони маълули тоҷик, ки аз соли 2004-ум пайваста дар Бозиҳои паралимпӣ ширкат меварзанд, бори аввал ба Паралимпиада нарафтанд. Дарвоқеъ, варзишгарони маълули тоҷик дар таърихи иштироки худ дар панҷ Бозиҳои тобистонаи паралимпӣ ягон медал ба даст наовардаанд
Гуфтугӯ