Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори ВКД ба онҳое, ки назди фолбину ҷодугарон мераванд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман ҳушдор дод, ки нафароне, ки ба назди фолбинону ҷодугарон мераванд, ба шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ даъват карда мешаванд ва нисбаташон мавод тартиб дода шуда, дар махзанҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо расмҳояшон гузошта мешаванд.

Дар огоҳиномаи Вазорат, ки шаби гузашта дар сомонаи расмии ин ниҳод нашр шуд, гуфта шудааст, танҳо дар як моҳи охир зиёда аз 150 нафар фолбинону ҷодугар дар Вазорати корҳои дохилӣ ба қайд гирифта шуда, нисбаташон чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Бино ба тағйироти нав, ки моҳи июни имсол ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон ворид карда шудааст, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.

Ҳамчунин, дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбат ба фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.

XS
SM
MD
LG