Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо аз "тасмим"-и Эрон барои ҳамлаи мустақим ба Исроил. Ҳушдори Телавив ба Теҳрон


Хабарнигори вебсайти Axios бо такя ба ду манбаи огоҳ гузориш додааст, ки тибқи охирин баровардаҳои ниҳодҳои истихборотии Исроил, Эрон тасмим дорад мустақиман ба Исроил ҳамла кунад.

Ду мақоми огоҳ рӯзи 11-уми август ба Барак Дэвид, хабарнигори Axios гуфтаанд, ки ниҳодҳои истихборотии Исроил ба ин бовар ҳастанд, ки ҳамлаи Эрон ба ин кишвар ба интиқоми кушта шудани Исмоил Ҳания, раиси пешини Дафтари сиёсии гурӯҳи "Ҳамос" дар Теҳрон, эҳтимолан рӯзҳои оянда анҷом хоҳад шуд. "Ҳамос" аз сӯи ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ҳамчун созмони террористӣ шинохта шудааст.

Ин гузориш меафзояд, ҳамлаи интиқомҷӯёнаи Эрон ҳатто мумкин аст қабл аз 15-уми август ва оғози музокироти оташбас миёни Исроил ва "Ҳамос" бо миёнаравии Қатар, Миср ва Амрико, анҷом шавад.

Дар рузҳои гузашта гузоришҳо дар бораи эҳтимоли худдории Эрон аз ҳамлаи мустақим ба Исроил дар интиқоми кушта шудани Исмоил Ҳания дар Теҳрон ба хотири фишорҳои байналмилалӣ бар Эрон, нашр шуда буд.

Як манбаъ ба Axios гуфтааст, ҳанӯз ҳам вазъият дар ҳоли тағйир ёфтан аст ва баҳс дар дохили Эрон оид ба вокуниши низомӣ ба Исроил идома дорад.

Ин гузориш меафзояд, Сипосҳи посдорон хоҳони ҳамла ба Исроил ва бузургтар аз ҳамлаи моҳи апрел аст. Дар ин ҳамла Эрон ба таври мустақим беш аз 300 мушак ва паҳбод ба хоки Исроил партоб кард. Бинобар гузоришҳо, аксарияи онҳо аз сӯи Исроил ва муттаҳидонаш раҳгирӣ ва аз байн бурда шуданд.

Хабарнигори Axios менависад, дар рӯзҳои ахир баҳсҳо дар дохили Эрон миёни Сипоҳи посдорон ва Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳур ва мушовирони ӯ бар сари ҳамла ба Исроил боло гирифтааст ва Пизишкиён мухолифи посухи шадиди Эрон ба кушта шудани Исмоил Ҳания аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Вазири дифои Исроил рӯзи якшанбе дар баёнияе ба Эрон ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ҳушдор дод, "ҳар касе ба мо осеб бирасонад, посухи онро ба шакле дарёфт хоҳад кард, ки то кунун бесобиқа будааст".

Вазири дифои Исроил таъкид кардааст, ки Телавив намехоҳад ҷанг дар ҷабҳаҳои дигарро оғоз кунад, аммо бояд омода бошад.

Рӯзи шанбе раиси ҷумҳури Амрико бори дигар ба Эрон дар мавриди ҳамлаи эҳтимолии интиқомҷӯёна алайҳи Исроил ҳушдор дод ва дар посухе кутоҳ ба пурсиши хабарнигороне, ки аз ӯ пурсиданд, чӣ паёме барои Эрон дорад, гуфт, "иқдом накунед".

Ҳамчунин Айман Ас-Сафдӣ, вазири корҳои хориҷии Урдун дар гуфтугӯ бо шабакаи "Ал-Арабия" гуфт, кишвараш ҳам ба Эрон ва ҳам ба Исроил иттилоъ додааст, ки дар сурати сар задани даргириҳои дубора байни ин ду кишвар, "ҳар ҳадаферо дар ҳарими ҳавоии Урдун сарнагун хоҳад кард".

Дар пайи кушта шудани Исмоил Ҳания, раҳбари дафтари сиёсии "Ҳамос" дар Теҳрон, раҳбари Эрон гуфт, ки аз Исроил интиқом хоҳанд гирифт. "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ҳам дар вокуниш ба кушта шудани фармондеҳи баландпояи ин гурӯҳ Фуод Шукр дар ҳамлаи Исроил дар ҷануби Бейрут, таҳдид кард, ки ҳамла ба Исроил ҳатмӣ хоҳад буд.

Ин амр нигарониҳо дар минтақа ва ҷаҳонро ба миён овардааст.

Мақомҳои эронӣ ва гурӯҳи "Ҳамос" Исроилро омили террори Исмоил Ҳания медонад, ҳарчанд Телавив то кунун онро рад ё тасдиқ накардааст.

Рӯзи ҷумъа расонаҳои Эрон ба нақл аз ҷонишин фармондеҳи Сипоҳи посдорон эълон карданд, ки дастурҳои раҳбари Ҷумҳурии исломӣ дар бораи "муҷозоти сахти Исроил ва интиқом аз Ҳания рӯшан аст ва ба беҳтарин шакли мумкин иҷро хоҳад шуд".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG