Аксар сокинони ин шаҳри воқеъ дар сарҳади Украина онро тарк кардаанд, вале бисёр пиронсолону дармондаҳо, ки дигар роҳи гурез надоштанд, монданд. Замоне ин ҷо 5 ҳазор нафар зиндагӣ мекард.
Аввали моҳи август нирӯҳои украинӣ дар як ҳаракати ғайримунтазирае вориди хоки Русия шуданд ва ҳоло қисмате аз қаламраверо дар сарҳад зери назорати худ нигоҳ медоранд.
Шаҳри Суҷа, ки зери назари нирӯҳои украинӣ аст, тақрибан пурра холӣ шудааст, вале чанд сокини ҳайрону саргардон талош доранд зинда монанд. Рӯзи 20 август хабарнигори Радиои Озодӣ ҳамроҳ бо дигар журналистони украинӣ аз Суҷа дидан кард.
Гуфтугӯ