Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони тоҷикро аз рондани таксӣ дар як вилояти Русия маҳрум карданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Муҳоҷирони чанд кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, аз ҳаққи кор дар ширкатҳои таксӣ ва гирифтани мошин ба иҷора дар вилояти Ленингради Русия маҳрум шуданд. Ин маҳдудият ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) рабт надорад. 

Ба навиштаи хабаргузории давлатии “ТАСС”, қарори манъи рондани таксӣ фақат ба “шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон, Молдова ва Озарбойҷон дахл дошта, ба шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – Арманистон, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон ва шаҳрвандони кишварҳои дорои низоми раводид рабт надорад.”

Риояи ин дастурро маъмурони пулис назорат ва барои шахсоне, ки аз иҷрои он саркашӣ мекунанд, ҷарима пешбинӣ мешавад.

Алла Астратова, раиси Кумитаи кор дар вилояти Ленинград, мегӯяд, ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ (дар соҳаи хадамоти таксӣ) вазифадоранд, ки дар 3 моҳ қарордоди худро бо хориҷиёне, ки бо патент ё иҷозатнома таксӣ меронанд, қатъ кунанд.

Манъу маҳдудиятҳо дар кору зиндагии муҳоҷирон, бавижа тоҷикон, дар Русия бештар мешавад.

Мақомоти Русия гуфта буданд, дар беш аз 10 шаҳру ноҳияҳои ин кишвар, аз ҷумла дар вилояти Воронеж ва Камчатка ҷалби муҳоҷирон ба кор дар нақлиёти иҷтимоӣ, аз ҷумла таксиронӣ манъ мешавад.

XS
SM
MD
LG