Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Аврупо ҳушдор доданд, барои пешгирӣ аз бемории нав омода бошад


FILE PHOTO: A child suffering from mpox in Democratic Republic of Congo
FILE PHOTO: A child suffering from mpox in Democratic Republic of Congo

Мақомоти беҳдоштӣ ҳушдор додаанд, ки Аврупо бояд омодаи сирояти бемории обилаи эм, як навъ аз бемории обилаи маймун бошад, ки садҳо нафарро дар Ҷумҳурии Демократии Конго кушт.

Cозмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 16-уми август аз ширкатҳои дорусозӣ хостааст, истеҳсоли ваксина ба зидди ин бемориро афзоиш диҳанд.

Мақомоти Чин гуфтанд, мусофиронеро, ки ба ин кишвар меоянд, муоина мекунанд. Пештар аз ин мақомоти Шветсия ва Покистон аз аввалин мавриди сирояти беморӣ дар қаламравҳои худ хабар доданд.

Габриел Аттал, нахуствазири Фаронса гуфт, кишвараш дар ҳоли омодабоши сатҳи болотарин қарор дорад ва ба зудӣ “тавсияҳои нав” барои сафар ба манотиқи осебпазир дар баробари бемориро эълон мекунад.

“Обилаи эм”-ро вирусе бармеангезад, ки аз ҳайвон ба инсон сироят мекунад, вале дар сурати иртиботи наздик аз инсон ба инсон ҳам мегузарад. Таби баланд, дарди мушакҳо ва обилаҳои калон дар рӯи пӯст аз аломатҳои ин беморӣ ҳастанд.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, рӯзи 14-уми август эълон кард, ки обилаи эм ба як мушкили байналмилалии беҳдоштӣ табдил ёфтааст ва созмон дар ҳоли омодабоши сатҳи болотарин қарор дорад.

Сабаб доман задани беморӣ аз Ҷумҳурии Демократии Конго ба кишварҳои дигари африқоӣ буд.

Маргарет Ҳаррис, сухангӯи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфт: “Зарур аст, ки тавлидкунандагони дору воқеан суръати истеҳсолро зиёд кунанд, то ба ваксинаи бисёр зиёд дастрасӣ дошта бошем.”

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аз кишварҳое, ки захираи ваксина ба зидди бемории обилаи эмро доранд, ба кишварҳое хайр кунанд, ки беморӣ дар онҳо хуруҷ кардааст.

Маргарет Ҳаррис гуфт, ки бемории мазкур махсусан барои онҳое хатарнок аст, ки масунияти бадани суст доранд, аз ҷумла гирифторони вируси норасоии масунияти бадан ва ҳам кӯдакони хурд ва афроде, ки ба қадри кофӣ ғизо намехӯранд.

Амрико гуфт, ки ба Ҷумҳурии Демократии Конго 50 000 ваксина мефиристад ва Фаронса ҳам эълон кард, ки ба кишварҳои осебпазир ваксина тақсим мекунад.

Бавариан Нордик, ширкати дорусозии Дания рӯзи панҷшанбе 15-уми август омода аст, ки то соли оянда 10 миллион дона ваксина истеҳсол кунад, вале барои ин кор ба қарордод бо харидор эҳтиёҷ дорад.

Айни замон Маркази Пешгирӣ аз Бемориҳо дар Аврупо эълон кардааст, ки хатари сирояти бемории обилаи эм дар Аврупо зиёд нест, вале барои пайдо кардани гирифторони эҳтимолӣ бояд муоинаву ташхисҳои дуруст сурат бигирад.

Ҳукумати Конго гуфт, бемории мазкур то кунун 548 касро куштааст. Дар Нигерия 39 мавриди беморӣ сабт шудааст, вале касе нафавтидааст. Дар Бурундӣ, Кения, Руанда ва Уганда ҳам беморӣ сабт шудааст.

Аз сирояти аввалин мавриди беморӣ дар Шветсия рӯзи панҷшанбе 15-уми август хабар доданд.

Дар Покистон мақомот гуфтанд, ки ҳоло маълум нест, кадом навъи беморӣ дар ин кишвар сироят кардаанд, вале ба қавли мақомот марди 34-солаи бемор аз “як кишвари Халиҷи Форс омадааст”.

Чин гуфт, аз ин пас ва то 6 моҳи оянда мусофирону борҳоеро, ки ба кишвар ворид мешаванд, ташхису муоина ва тафтиш мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG