Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷосусбозӣ. Тарси рӯҳониёни Эрон аз Моссад пас аз қатли раҳбари Ҳамос


Маъмурони амниятии Эрон бо нашри ин акс гуфтаанд, ки дар дохили ин қуттӣ бомберо пайдо карданд, ки ба гумоштагони Моссад тааллуқ дошт. Акс аз моҳи июти соли 2022 аст.
Маъмурони амниятии Эрон бо нашри ин акс гуфтаанд, ки дар дохили ин қуттӣ бомберо пайдо карданд, ки ба гумоштагони Моссад тааллуқ дошт. Акс аз моҳи июти соли 2022 аст.

Баъди қатли Исмоил Ҳания, раҳбари созмони фаластинии Ҳамос, ки Амрикову Иттиҳоди Аврупо онро як созмони террористӣ меноманд, нашрияҳои Эрон ниҳодҳои амниятӣ ва ҷосусии кишварро сахт танқид кардаанд, ки наметавонад, аз амалиётҳои махфии бегонагон дар дохил пешгирӣ кунанд.

Рӯзе баъд аз қатли Ҳания, рӯзномаи расмии “Ҷумҳурии Исломӣ”, чопи Теҳрон хоҳони поксозии решаӣ дар маҷмӯаҳои иттилоотӣ ва амниятӣ дар Эрон шуд. Рӯзнома навиштааст, вақте Исроил метавонад, мушаки худро аз панҷараи утоқи Исмоил Ҳания дар нуқтаи комилан муҳофизатшуда дар Теҳрон бигзаронад, ба мафҳуми он аст, ки “Исроил дар дохили худамон, омилҳои нуфузӣ дорад.”

Исмоил Ҳания, раҳбари гурӯҳи ифротии Ҳамос бомдоди рӯзи чаҳоршанбе 31-уми июл дар Теҳрон кушта шуд. Мақомоти Эрон солҳост, ки аз амният дар дохили кишвар сухан мегӯянд, аммо солҳои чандин мақоми эронӣ дар дохили кишвар террор шудаанд ва дар таъсисоти ҳассоси атомӣ дар Эрон харобкорӣ сурат гирифтааст. Ин ҳамаро кори дасти ниҳодҳои амниятии Исроил аз ҷумла Моссад медонанд, агарчӣ ҳукумати Исроил ҳеч гоҳ масъулияти ин қатлу харобкориҳоро бар дӯш нагирифтааст.

Исмоил Хатиб, вазири иттилооти Эрон, имсол иддао кард, ки шабакаи нуфузии Моссад дар Эронро аз байн бурдаанд. Ӯ гуфт: “Азҳампошӣ ва муталошӣ кардани шабакаи нуфузи Моссад, ки ҳар рӯз баъзе аз шахсиятҳои илмии моро террор мекарданд, ё ки дар баъзе аз марокизи ҳаётии моро харобкорӣ мекарданд, ба лутфи илоҳӣ дар ин давра ин шабака, ин дастрасиҳо ва ин тавонмандиҳо аз байн рафт.”

Моссад, номи созмони иттилоот ва амалиёти вижаи ҷосусии Исроил аст, ки хунсосозии амалиётҳои зидди ин кишвар кори асосиаш ба шумор меравад.

Дар моҳҳои ахир ва дар маросимҳои расмӣ ва роҳпаймоиҳо, ки дар маконҳои умумӣ баргузор мешавад, муҳофизати чашмгири мақомҳои эронӣ, ё либосҳои зиреҳгунаи аҷиби баъзе аз онҳо дида мешавад. Террори печидаи Мӯҳсини Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон ва ё Мустафо Аҳмадии Рӯшан, Масъуди Алимуҳаммадӣ, Маҷиди Шаҳриёрӣ ва ё Ардашери Ҳасанпур, аз донишмадон ва ё мақомҳои баланди атомии Эрон, панҷ таркиши бузург дар таъсисоти атомии Натанз, ва ё дуздии ҳазорон санади атомии Эрон дар Шӯробод бахше аз иқдомоти Исроил дар Эрон дониста мешавад, агарчӣ Исроил ҳеч гоҳ ин иддаоҳоро эътироф накардааст ва масъулиятро бар ӯҳда нагирифтааст.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳури пешини Эрон дар гузашта бо ишора ба нуфузи Моссад гуфтааст, болотарин фарде, ки масъули контроли ҷосусони Исроил дар Эрон буд, худаш ҷосуси Исроил аз кор даромад. Ба қавли вай: “Ин магар шӯхие? Яъне он фард ба танҳоӣ дар вазорати иттилоот ҷосуси Исроил шудааст. Амалиёти фаровонеро дар Эрон пуштибонӣ кардааст, таку танҳо.”

Се сол қабл Алӣ Юнусӣ, вазири иттилооти пешини Эрон, дар бораи нуфузи Моссад дар ин кишвар гуфта буд, нигарони ҷони мақомҳои эронӣ аст. Ӯ гуфт: “Ин даҳ соли ахир мутаасифона нуфузи Моссад дар бахшҳои мухталифи кишвар ба ҳаддест, ки ҷой дорад, ҳамаи масъулини Ҷумҳурии Исломӣ нигарон бошанд. Барои ҷони худашон. Мутаасифона созмонҳои амниятӣ ва иттилоотӣ ба ҷойи инки инҳоро шиносоӣ кунанд, ба ҷони худиҳо афтодаанд.

Созмонҳои ҷадиде, ки дар муқобили вазорати иттилоот эҷод шуд, вазорати иттилоотро тазъиф карданд, ва он созмонҳои ҷадид ва мувозии вазорати иттилоот ба ҷойи инки бо нуфуз мубориза кунанд, машғули контрол ва мубориза бо худиҳо шуданд.”

Баъди қатли Исмоил Ҳания ҳам ин интиқодҳо шиддати бештар гирифтаанд ва то ҷое, ки Мӯҳсини Мирдомодӣ, раиси Кумиссиёни амнияти миллии порлумони Эрон бо ишора ба ҳодисаи ахир дар Теҳрон гуфтааст, муассиртарин посухи кӯбанда ба Исроил шиносоӣ ва қатъи омилҳои нуфузист, ки то мағзу устухони низом расидаанд.

Ӯ дар идома гуфтааст, суроғи мунтақидону эътирозгарон наравед, нуфузиҳо касоне ҳастанд, ки фарёдҳои “Марг бар Исроил”-и онҳо то Телавив мерасад. Манзур боз ҳам зоҳиран тарафдорони низоми рӯҳониёни ҳоким дар Эрон аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG