Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 медали варзишгарони Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи Порис-2024


Варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон – то ҳоло дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса 17 медал ба даст овардаанд.

Варзишгарони Қазоқистон бо касби 7 медал - 1 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 28-ум, Узбекистон бо касби 3 медал – 1 нишони тилло ва 2 биринҷӣ дар зинаи 43-юм, Қирғизистон бо касби 4 медал – 1 нишони нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷойи 58-ум ва Тоҷикистон бо касби 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 67-ум қарор доранд. Вале варзишгарони Туркманистон то ҳоло медал нагирифтаанд.

Медалҳои варзишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Олимпиадаи Порис-2024:

ҚАЗОҚИСТОН – 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ):

Елдос Сметов - ҷудо, мардон, 60 кг, медали тилло;

Демеу Жадраев – гуштии юнонию румӣ, 77 кг, медали нуқра;

Наримон Қурбонов – гимнастикаи варзишӣ, мардон, медали нуқра;

Нурбек Оралбай - бокс, мардон, 80 кг, медали нуқра;

Назим Кизайбай – бокс, занон, 50 кг, медали биринҷӣ;

Гусман Қирғизбоев - ҷудо, 66 кг, медали биринҷӣ;

Дастаи омехта (Ислом Сатпаев ва Александра Ле), милтиқи пневматикӣ, 10 метр, медали биринҷӣ.

УЗБЕКИСТОН - 3 медал (1 тилло ва 2 биринҷӣ):

Диёра Келдиёрова - ҷудо, занон, 52 кг, медали тилло;

Музаффарбек Тӯрабоев – ҷудо, 100 кг, медали биринҷӣ;

Алишер Юсупов - ҷудо, +100 кг, медали биринҷӣ;

ҚИРҒИЗИСТОН - 4 медал (1 нуқра ва 3 биринҷӣ):

Меерим Жуманазарова - гуштии озод, занон, -68 кг, медали нуқра;

Холаман Шаршенбеков – гуштии юнонию румӣ, 60 кг, медали биринҷӣ;

Акжол Маҳмудов - гуштии юнонию румӣ, 77 кг, медали биринҷӣ;

Узур Джузупбеков - гуштии юнонию румӣ, 97 кг, медали биринҷӣ.

ТОҶИКИСТОН - 3 медали биринҷӣ:

Сомон Маҳмадбеков - ҷудо, 81 кг, медали биринҷӣ;

Темур Раҳимов – ҷуло, +100 кг, медали биринҷӣ;

Давлат Болтаев - бокс, 92 кг, медали биринҷӣ.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис то ҳоло варзишгарони 80 кишвар медал ба даст овардаанд, аз ҷумла намояндагони 53 кишвар бо медалҳои тилло сарфароз гардидаанд.

Дастаи мунтахаби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҳисоби медалҳо бо назардошти сифати онҳо дар ҷойгоҳи аввал аст. Варзишгарони ин кишвар 94 медал, аз ҷумла 27 нишони тилло, гирифтаанд.

Мунтахаби Чин бо касби 65 медал, ки 25-тоаш тиллост, дар зинаи дувум мебошад. Мунтахаби Австралия бо касби 41 медал, минҷумла 18 нишони тилло, мақоми севумро соҳиб шудааст.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин дастаҳои мунтахаби Фаронса, Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Италия, Нидерланд ва Олмон дохиланд.

Аз 14 варзишгари тоҷик то ҳоло се нафар – Сомон Маҳмадбеков, Темур Раҳимов, ҳарду дар риштаи ҷудо, Давлат Болтаев дар риштаи бокс - аз Порис бо медал бармегарданд.

Аммо нӯҳ варзишгари тоҷик – муштзанҳо Баҳодур Усмонов ва Миҷгона Самадова; ҷудокорон Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Комроншоҳи Устопириён ва Ҷаҳонгир Маҷидов; шиноварон Фахриддин Мадкамов ва Екатерина Бордачёва, даванда Фаворис Музрапов - рақобатҳои худро бе медал ба анҷом расониданд.

Ҳамакнун ду намояндаи охирини Тоҷикистон – Виктор Рассадин ва Мунира Абдусаломова - дар Олимпиадаи Порис ба рақобат мепардозанд.

Виктор Рассадин дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило 9-уми август соати 14:30 дақиқа бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпӣ доир менамояд, аммо ҳанӯз рақибаш маълум нашудааст.

Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо 10-уми август аввалин рақобаташро дар вазни беш аз 67 кило миёни занон бо барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Токио-2020 Алтея Лорени фаронсавӣ анҷом медиҳад.

Варзишгароне, ки аз Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, бо Ҷоизаи президенти кишвар ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра – манзили дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Ба ғайр аз ин, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ба қаҳрамони Бозиҳои олимпии Порис 20 ҳазор доллар, ба ҷоизадори нуқра 15 ҳазор доллар ва ба барандаи медали биринҷӣ 10 ҳазор доллар ҷоизаҳои молӣ муқаррар кардааст.

Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз соли 1996 ширкат варзида, то имрӯз 7 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 5 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик бе медал монда буданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG