Дар наворҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, ки сел ва лой ба хонаҳои сокинони деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим даромада, ҳамчунин роҳҳоро хароб кардааст. Баъзе сокинон бо трактори хокборкун ба ҷойи бехатар мекӯчанд.
Чила Сулаймоншоева, корбари Фейсбук навиштааст, баъзе сокинон бе ҷойи хоб мондаанд ва ниёзманди ёриянд. Сулаймоншоева аз зодагони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар Русия хостааст, ба зарардидаҳо кумак кунанд.
Дафтари матбуоти Ҳукумати Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 6-уми август дар Фейсбук навишт, раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва як кумисюн дар ҷойи ҳодиса ҳастанд.
Мақомот ваъда додаанд, ки “кўтоҳтарин муҳлат вазъи ба амал омада бартараф карда мешавад” ва аҳолии зарардида “ба ҷойи бехавф кўчонида шуданд.” Мақомот мегӯянд, ба сокинони зарардидаи Ишкошим хуроки гарм таъмин кардаанд.
Ба маълумоти расмӣ, сели рӯзи 4-уми август талафоти ҷонӣ дар пай надошт. Аммо дар натиҷаи ин ҳодиса 8 гектар замини кишти картошка пурра хароб шудааст.
Дар деҳаи Зугванги ноҳияи Ишкошим, ки сел ба он осеб расонд, қариб ҳазор нафар зиндагӣ мекунанд. Ин деҳа яке аз деҳаҳои дурдасти ВМКБ аст. Мақомот мегӯянд, сабаби омадани сел “якбора гарм шудани боду ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва обхезӣ дар рӯдхонаи Зугванд” аст.
Тоҷикистон дар фасли баҳори имсол шоҳиди омадани селҳои зиёд буд, ки дар натиҷаи он даҳҳо манзили сокинон ва иншооти иҷтимоӣ осеб диданд. Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, офатҳои табиӣ дар шаш моҳи аввали соли 2024 барои Тоҷикистон қариб 131 миллион сомонӣ (12 миллион доллар) зарар расондаанд.
Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии ҳукумати ВМКБ:
Гуфтугӯ