Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салом хоҳар. Зиндониёни собиқ чӣ ҳол доранд?


Зарангези Наврӯзшоҳ, муаллифи барномаи "Салом, хоҳар"
Зарангези Наврӯзшоҳ, муаллифи барномаи "Салом, хоҳар"

Баъди 5 ё 10 ва 20 соли зиндон онҳоро дар озодӣ чӣ интизор аст? Касе мунтазирашон ҳаст? Аз зиндон озод мешаванд, аммо оё доғи сангини “маҳбус” домани онҳоро ба зудӣ сар хоҳад дод?

Кумитаи маҳви тамоми навъҳои табъизи занони СММ, бо нигаронӣ аз бекорӣ ва табъиз алайҳи занони маҳбус ва собиқ зиндонӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки ин нобаробариро рафъ ва барои маҳви ҳамагуна табъиз алайҳи занони зиндонӣ ва онҳое, ки аз маҳбас раҳо шудаанд, талош кунад. Дар гузориш, ки моҳи феврали имсол нашр шудааст, ҳазар ва тамғагузорӣ ё стигма дар ҷомеа, маҳрум шудан аз ҳаққи модарӣ ва дастгирӣ наёфтан аз ҷониби хонавода аз мушкилоти аслии занони собиқ зиндонӣ номида шудааст.

Яке аз талабҳои ин Кумитаи СММ ин аст, ки зимни қабул ба кор талаби санади доғи судӣ аз занони собиқ зиндониро манъ кунад.

Муносибати ҷомеа ба маҳкумшудаҳо яксон нест ва барои ҳам мардон ва ҳам занон раванди мутобиқшавӣ дар ҷомеа баъди зиндон мушкил аст. Як пажӯҳиш дар чанд соли пеш ҳам маълум карда буд, ки баъди берун омадан аз зиндон, аксари маҳбусони собиқ зиндагии пурмушкиле доранд. Онҳо дар аксар ҳолат бекору бехона ва бесанад мемонанд. Аммо заноне, ки зиндонӣ шудаанд, дар аксар вақт мегӯянд, дар ҳама ҳолат ба фарқ аз мардон барои онҳо зиндагӣ бо доғи маҳбас сахттар аст. Бисёр раҳбарони корхонаву муассисаҳо аз қабули занҳои собиқ зиндонӣ ба кор парҳез мекунанд. Агар бархе мардони зиндонӣ ҳатто дар дохили маҳбас ҳам имкони барпо кардани оиларо доранд, духтарҳову занҳо тақрибан ҳеҷ гоҳ чунин шонсе надоранд. Хешовадони наздик, ҳамсояҳо, дӯстону ҳамкорон баъди зиндон дигар намехоҳанд бо чунин зане рафтуомад, ҳамнишинӣ ва ҳамкорӣ дошта бошанд.

“Шаш зани собиқ зиндонӣ соҳиби гранти ҳукуматӣ шудаанд”

Чанд созмони ҷамъиятӣ ҳам дар кишвар фаъолият дорад, ки ба ин гурӯҳи занон кӯмакҳои равониву ҳуқуқӣ мерасонанду роҳнамоӣ мекунанд.

Саноатхон Нурматова, меҳмони барномаи ”Салом, хоҳар” раҳбари яке аз чунин созмонҳо бо номи “Отифа” аст. Ин созмон ҳашт сол пеш таъсис ёфта, самти асосии фаъолияташ дастгирии занони зиндонишуда аст.

Чанд соли пеш созмони “Отифа” дар миёни занони собиқ маҳбус як назарпурсӣ анҷом дода буд, ки бино ба натиҷаи он талаби маълумотномаи доғи судӣ ва вуҷуди ин доғ дар зиндагӣ яке аз сабабҳои ба кор қабул нашудани занон мешудааст. Мусоҳибаи мо бо хонум Нурматова ҳам дар ҳамин бора буд.

Радиои Озодӣ: Вақте як зан баъди адои ҷазо ба озодӣ мебарояд аз сӯйи ҷомеа ва, масалан хонаводаву корфармоён чӣ хел қабул мешавад?

Саноат Нурматова: Ҳархел ҳолат мешавад. Ҳолатҳое ҳаст, ки дар набудани онҳо шавҳаронашон зани дигар мегиранд. Ё онҳоро аз қайди хона ё “прописка” берун мекунанд ва дар ин ҳолат занон дар кӯча мемонанд. Ҷомеаи мо ҳоло тайёр нест, ки ин занонро қабул кунад. Дар назари онҳо ин хел занҳо одамони доғдор мебошанд. Одамоне, ки маҳбас онҳоро ислоҳ накардааст. Аз тарафи корфармоён бошад, ба кор қабул намешаванд. Доғдор будан сабаб мешавад, ки онҳоро ба кор қабул намекунанд. Аз таҷрибаи кории худам гуфтанӣ ҳастам, ки боре ба як соҳибкори калон, ки дар корхонааш 100 нафар занон дӯзандагӣ мекарданд, муроҷиат намудам. Роҳбарони он корхонаро ба ҳамкорӣ даъват кардам. Гуфтам, ҳаракат мекунам аз ҷониби дигар мақомот барои корхонаи шумо ягон имтиёз шавад. Он кас ҷавоб доданд, ки “муаллима, ман наметавонам, ки аз пушти чанд зане, ки аз маҳбас озод шудааст, тартиби корро дар ин корхона вайрон кунам. Зеро занони коргарони мо омода нестанд, ки занони аз маҳбас баромадаро қабул кунанд ва ин сабаб мешавад, ки тартибот дар корхонаи ман вайрон шавад”.

Салом хоҳар. Зиндониёни собиқ чӣ ҳол доранд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:55 0:00

Радиои Озодӣ: Мушкилоти аслие, ки занон баъди раҳо шудан аз зиндон занон ба он рӯбарӯ мешаванд, кадом аст?

Саноат Нурматова: Аввал ин масъалаи ҳуҷҷат аст. Бархе ҳуҷҷатҳои худро гум кардаанд. Агар ҳуҷҷат набошад, онҳо ба ягон ҳуқуқи худ дастрасӣ нахоҳанд дошт. Мушкили дуввум равонӣ аст. Баъди зиндон занон дар ин фикранд, ки “чӣ хел ҷомеа маро қабул мекунад, чӣ тавр ман фарзандони худро ба шавҳар медиҳам ё хонадор мекунам. Оё бо мани зиндонӣ касе мехоҳад қудогӣ кунад?” Ҳолати руҳии занҳо мушкили аввал аст. Мушкили дувум ин аст, ки онҳо мехоҳанд исбот кунанд, ки одамони берун аз ҷомеа нестанд. Кӯшишу ғайрат доранд, ки исбот кунанд, ки як шаҳрванди солими ҷомеа ҳастанд. Барои он ки инро бо далел нишон диҳанд, онҳо бояд кор кунанд, вале вақте ҷойи кор пайдо намекунанд, мушкилоташон боз бештар мешавад. Ҷазои сахттарин барои як зан-модар ҷудоӣ аз фарзандону оила аст. Онҳо барои ҷинояти худ қимати хеле гарон пардохт кардаанд. Барои ҳамин баъди озод шудан онҳо дар як ҳолате мебошанд, ки мехоҳанд як шаҳрванди солими кишвар бошанду кору фаъолияти худро давом диҳанд. Ба назари ман касе ҳақ надорад занҳои аз маҳбас озодшударо шахси доғдор ё “тюремшица” гуфта айбдор кунанд. Ҳар як зане, ки аз маҳбас баромад, аллакай ҷазои ҷинояташро гирифтааст.

Радиои Озодӣ: Барои бозгашти онҳо ба зиндагии солим ва дигар такрор нашудани сарнавишти пешин бояд чӣ имкониятҳо фароҳам бошад. Худи онҳо бояд чӣ кор кунанд?

Саноат Нурматова: Барои бозгашт ба ҷомеа чандин омиле ҳаст, ки бояд пайдо ва барқарор кард. Онҳо дар ҷустуҷӯйи кор ҳастанд ва хуб мешуд, ки марказҳои офиятбахшӣ бошад барои ин занҳо. Зеро дар навбати аввал муттахассисон бояд бо оилаҳои шахсони аз маҳбас озодшуда ва худи ин занон корбарӣ кунанд. Дар ин давраи гузариш ин гурӯҳи занон каме нотавон ҳастанд. Вақте ҳуқуқшиносону равоншиносон бо онҳо кор мебаранд, онҳо метавонанд пурра ба ҷомеа баргардонида шаванд. Бисёр хуб мешуд, ки ташкилоту шахсон ва сохторҳои давлатӣ барои баргардонидани ин шахсон ба ҷомеаи солим саҳми худро мегузоштанд. Дар ташкилоти мо равоншиносу ҳуқуқшиносон ҳастанд. Ба занҳое, ки мо кӯмак мерасонем, дар зиндагии худ комёб шуда рафтаанд. Дар давои кори мо шаш зан соҳиби гранти раиси шаҳру вилоят ва президентӣ шудаанд, ки кору фаъолияти худро пеш бурда истодаанд ва ба ҷомеа онҳо баргаштаанд.

«Наход ман ба ҳайвонҳо ҳам зиён расонам?»

Радиои Озодӣ: СММ мегӯяд, барои ба кор таъмин кардани занон бояд талаби санади доғи судӣ бекор шавад ва ба корфармоҳо имтиёз дода шавад. То куҷо, ба назари шумо, қабули ин талаби СММ дар Тоҷикистон имконпазир аст?

Саноат Нурматова: Ин саволи бениҳоят вазнин аст. Барои он ки ташкилоти мо бо ширкати 120 зани аз зиндон озодшуда дар 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд таҳқиқот гузарониданд. Ҳамин талаби маълумотномаи судӣ аз тарафи корфармо барои онҳо мушкилот оварда истодааст. Ин сабаб шудааст, ки онҳо ҷойи кор ёфта наметавонанд. Яке аз занҳо гуфта буд, “ба корхонаи байторӣ рафтам, хостам ба кор дароям, ба ман гуфтанд, ки маълумотномаи судӣ биёр. Ман ба онҳо гуфтам, ки доғи судӣ дорам, вале барои ҷинояти кардаам аллакай ҷазо гирифтам. Ман ҳам зиндагӣ дорам, кор карданам даркор. Илтимос маро ба кор гиред, гуфтам”. Корхонаи байторӣ занро ба кор нагирифт. Зан бисёр зиқ шуда гуфта буд, ки «ман мефаҳмам, одамон аз ман метарсанд, вале наход ман ба ҳайвонҳо ҳам зиён расонам? Маълумотномаи судӣ ба ман бисёр зарар расонд», гуфта буд ин зан. Бисёр хуб мешуд агар корхонаҳои ҷамъиятӣ чунин занҳоро ба кор мегирифтанд. Ин як муаммо аст ҳоло барои мо.

Радиои Озодӣ: Хонаводаҳо ба ин занҳо бояд чӣ гуна кӯмак кунад, то дигар ҷиноят накунанд?

Саноат Нурматова: Барои баргардонидани ин занон ба ҷомеа ба оила камтар душвор хоҳад буд. Барои он ки худи оила метарсад, ки бо ягон сухане ин занҳоро хафа ва зиқ накунад. Бисёр ҳам нағз мешуд, ки дар ҳамин давра ҳам бо оила ва ҳам бо занҳо муттахассисон кор кунанд. Аз тарафи хонавода бояд суханҳои нағз гӯянд ба ин занҳо, барои дарёфти кор кӯмак расонанд. Ҳаракат кунанд, ки фазои оила солим бошад. Ҳар дафъа аз маҳбас будани он зан ба хотир оварданашон зарур нест. Метавонанд баъзе лаҳзаҳои дар зиндон бударо ба ёд оранд, аммо ҳар бор гуфта ва диққати занро ба гузашта ҷалб кардан лозим нест. Ин барои зан як имтиҳон буд, ки гузашт.

Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон садҳо зан дар зиндон адои ҷазо мекунанд. Бино ба омори чанд соли пеш, дар зиндони Норак аз 250 то 300 зан нигаҳдорӣ мешуд. Дар пурсише, ки созмони «Отифа» миёни занони маҳбус анҷом додааст, бисёре аз занон гуфтаанд, аз ночорӣ даст ба ҷиноят зада, пушти панҷара рафтаанд. Тафсилоти онро мегуфтед.

Саноат Нурматова: Аз занҳо пурсидем, ки барои чӣ ин ҷиноятро кардӣ? 35 фоизи занҳо гуфтанд, аз ночорӣ ва мушкилии зиндагӣ ба ин ҷиноят даст заданд. Бисёри онҳо гуфтанд, аз нодорӣ. Мегуфтанд, «маҷбур шудам, касб надорам як бурда нон надоштам, баромада дуздӣ кардам». Ё баъзе занҳоро аз банк маҷбур карданд, ки барои тиҷорати шавҳар ё хонаводааш пул гирад, баъд натавонистанд пулро баргардонанду занро ба зиндон андохтанд. Бисёр нағз мешуд, ки дар шаҳрҳои мо корхонаҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешуданд. Он ҷо махсус барои шахсони аз маҳбас озодшуда ҷойи кор фароҳам мешуд ва онҳоро дар ҳамин давраи вазнин ба ҳамин корхона ба кор мегирифтанд. Вақте чунин корхонаҳои ҷамъиятӣ зиёд бошанд ягон хел мушкил барои ин занҳо нахоҳад буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG