Ин аввалин маросим дар таърихи Бозиҳои тобистонаи олимпист, ки на дар варзишгоҳ, балки дар маркази шаҳр барпо гардид. Ба ҷои гашти муқаррарии варзишгарон регатаи киштӣ доир шуд ва намоиш ба тамошои ҳақиқӣ табдил ёфт, ки тамоми маркази Парижро фаро гирифт.
Созмондиҳандагон чорабиниро ба дувоздаҳ мавзӯъ тақсим намуданд, ки ба ин ё он тарз фарҳанги Фаронсаро инъикос мекард. Дастаҳои олимпии кишварҳои ҷаҳон дар парад қад-қади дарёи Сена бо заврақҳо шино карданд. Кишвари мизбон одатан дар паради дастаҳо дар ҷои охирин меистад, аз ин рӯ Фаронса охирин буд.
Намояндагони кишвари мизбони Олимпиадаи оянда низ чун анъана дар охир, пеш аз кишвари мизбон меоянд. Аз ин рӯ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки мизбони Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2028 мебошад, дар парад пеш аз охирин буд.
Ин саҳнаро қариб 300 ҳазор нафар тамошо карданд. Қисми ҷолиби чорабинӣ намоиши аҷиби лазерӣ дар гирду атрофи бурҷи Эйфел буд. Маросимро Томас Ҷолли роҳбарӣ мекард. Дар аввал флотилия зиёда аз 10 хазор варзишгарро бо масири шашкилометрӣ кашонд. Киштиҳо аз назди пулҳо ва ҷойҳои машҳуртарини шаҳр, аз ҷумла калисои Нотр-Дам ва бурҷи Эйфел гузаштанд.
Баъди ба охир расидани паради дастаҳо аспи оҳанӣ бо савора ва дар китфаш парчами олимпӣ қад-қади дарёи Сена давид. Дар болои пулҳо садҳо навозандагон ва раққосон ҳунарнамоӣ мекарданд.
Маросим чор соат давом кард. Ин чорабинии бошукӯҳ дар ҳавои нисбатан соф оғоз шуд, вале баъдан борон борид ва то анҷоми маросим қатъ нашуд.
Дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2024 ҳунармандон ва варзишгарони маъруф, аз ҷумла Леди Гага, Селин Дион, Зайниддин Зидан, Рафаэл Надал ширкат доштанд. Оташи олимпиро ғолибони секаратаи олимпӣ Мари-Хосе Перек ва Тедди Ринер фурӯзон карданд.
Президенти Фаронса Эммануил Макрон Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпиро дар Париж кушода эълон кард. Сипас роҳбари Кумитаи байнулмилалии олимпӣ Томас Бах зимни суханрониаш ба ҳукумати Фаронса ва шаҳрдории Париж, инчунин кумитаи тадорукоти Бозиҳо изҳори сипос карда, гуфт “чӣ қадар зебост Париж! Аҷиб аст, ки ин лаҳзаҳоро бо тамоми ҷаҳон дар ин ҷо мубодила мекунем. Дар ин ҷо, дар шаҳри нуру муҳаббат бозиҳои ҳозиразамони олимпӣ барпо карда мешаванд”, — гуфт Бах.
Темур Раҳимов, паҳлавони шинохта, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Париж буд.
Дар бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-юми июл то 11-уми август дар Париж баргузор мешавад, Тоҷикистонро 14 варзишгар намояндагӣ мекунад.
Се муштзани тоҷик - Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило 27-уми июл, Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило 28-уми июл ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило 30 -юми июл ба рақобат мепардозанд.
Бар асоси қуръакашии мусобиқоти ҷудо рақибони варзишгарони тоҷик муайян шуданд. Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кило 28-уми июл дар даври аввал озод буда, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Баруч Шмаилови исроилӣ ва Абдураҳмон Боушитаи марокашӣ вориди рақобат мешавад.
Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври аввал 29-уми июл бо Артур Маргелидон аз Канада рақобат мекунад.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум 30-юми июл бо Фарес Бадавии фаластинӣ қувва меозмояд.
Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило 31-уми июл дар даври аввал бо Тристани Мосахлишвили аз Испания нерӯсанҷӣ мекунад.
Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило 1-уми август дар даври аввал бо Диессеи фаронсавӣ қувваозмоӣ хоҳад кард.
Темур Раҳимов дар вазни беш аз 100 кило, ки дар даври аввал озод аст, 2-юми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов (Олмон) ва Одхуу (Муғулистон) қувва меозмояд.
Даванда Фаворис Музрапов дар Олимпиадаи Париж дар риштаи варзиши сабук 3-юми август аввалин рақобаташро дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.
Фахриддин Мадкамов дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 2-юми август вориди рақобат мешавад.
Екатерина Бордачёва дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Виктор Рассадин ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи гуштии озод дар Олимпиадаи Париж мебошад. Вай, ки зодаи Ёқутистони Русия аст, соли гузашта шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфт ва 9-уми август аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Париж дар вазни то 74 кило баргузор мекунад.
Мунира Абдусаломова ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи таеквондо дар Олимпиадаи Париж мебошад. Вай 10-уми август дар аввалин рақобаташ дар Бозиҳои олимпӣ дар вазни беш аз 67 кило иштирок хоҳад кард.
Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Париж қариб 10 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад. Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.
Дар ҳамин ҳол дувоздаҳ варзишгари тоҷик дар Деҳаи олимпии Париж қарор доранд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари тоҷик - Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо ва Виктор Рассадин дар намуди гуштии озод, ки сабқаташон дертар баргузор мешавад, рӯзи 31-уми июл ба Париж мераванд.
Дар асоси низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.
Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.
Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат варзида, чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.
Гуфтугӯ