Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 2600 омӯзгор намерасад


Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мегӯяд, дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар беш аз 2600 омӯзгор намерасад.

Дар ҳоле ки солона ҳазорҳо донишҷӯ бо ихтисоси омӯзгор донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистонро хатм мекунанд, норасоии муаллим дар кишвар ҳанӯз аз мушкилоти ҳалношуда боқӣ мондааст. Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иддао дорад, ки чунин мушкил дар дигар кишварҳо низ аст. Вале огоҳон бар инанд, ки камбуди омӯзгор бештар хоси кишварҳое мисли Тоҷикистон аст, ки муаллимон маоши кам мегиранд ва барои кори омӯзгорӣ чандон ҳавасманд нестанд.

Раҳим Саидзода, Вазири маориф ва илм 26-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бештар аз 2 ҳазору 600 омӯзгор намерасад. Бо ҳадафи бартараф намудани ин мушкил, имсол 2170 донишҷӯйи курсҳои болоиро барои кор дар мактабҳо ҷалб кардаанд.

Ба гуфтаи Раҳим Саидзода, камбуди омӯзгор дар ҳамаи кишварҳо вуҷуд дорад ва ба нафақа баромадану барои нигоҳубини кӯдак рухсатӣ рафтанро аз сабабҳои ин мушкил номбар кард.

“Дар тамоми ҷаҳон норасоии омӯзгор ба чашм мерасад, ин фақат мушкили Тоҷикистон нест. Ҷои пӯшидааш нест: бисёре аз омӯзгорон кадрҳои ҷавон ҳастанд ва 70 дарсадро занҳо ташкил медиҳад. Мешавад ҳолате, ки барои нигоҳубин мераванд , фавт аст, нафаре ҳаст синнусоли нафақааш мерасад”, - гуфт ӯ.

Вале бархе омӯзгорон маоши каму набуди шароити мусоидро сабаби аслии худдорӣ аз корӣ омӯзгорӣ номиданд.

Огоҳон ҳам мегӯянд, барои пешгирӣ аз рафтани омӯзгорон бояд маоши муаллимон то он сатҳе зиёд карда шавад, ки барои зиндагиаш кофӣ бошад.

Ҳоло маоши миёнаи як омӯзгор дар Тоҷикистон аз 1200 то 1500 сомонӣ, баробар ба наздики 150 доллари амрикоӣ аст.

Ба назари рӯзноманигор ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Абдуқодир Талбаков, то замоне ки маоши омӯзгор ба таври назаррас боло бурда нашавад, камбуди муаллим дар мактабҳо ҳал нахоҳад шуд.

“Дақиқан мегӯям, ки вазъи иҷтимоии омӯгорро то беҳ накунем, ин мушкил ҳал намешавад. Шарманда ҳам ҳастем, ки дар 30 соли соҳибистиқолӣ мактабҳои ҳамагониро натавонистем ба муаллим таъмин кунем. Омили асосии хурофотзада шудани баъзе ҷавонон ҳам ҳамин заъфи маориф аст. Мисоли мушаххас меорам, фаразан ман рафтам ба мактаби миёна як “ставка” дарс гирифтам ва ин 18 соат аст, ин каму беш 1200 сомонӣ мешавад, ки ин аслан барои пешбурди зиндагии омӯзгор намерасад”, - афзуд Абдуқодир Талбаков.

Дар Вазорати маориф гуфтанд, барои ҷалбу ҳавасмандкунонӣ омӯзгорон аз имтиёзҳое бархурдоранд.

Дилшод Сафарзода, муовини вазири маориф таъкид намуд, ки яке аз имтиёзҳо ин додани қарзҳои дарозмуддат барои омӯзгорон аст.

“Қитъаи замин аз сӯи мақомоти иҷроияи ҳокомияти давлатӣ ба омӯзгороне, ки ниёз ба қитъаи замин доранд, дода мешавад. Тибқи маълумоте, ки мо дорем, дар соли равон зиёда аз 240 нафар бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин гардидаанд”, - шарҳ дод муовини вазир.

Чанде аз омӯзгорон, ки нахостанд ошкоро аз вуҷуди мушкили корашон суҳбат кунанд, дар суҳбатҳои бидуни сабт таъкид намуданд, ки аз ҳеҷ гуна имтиёз бархурдор нашудаанд ва дар бораи имтиёзҳо низ маълумот надоранд.

Бархе дигар барои ҷалби омӯзгорон ба мактаб, имтиёзҳои номбаркардаи вазорати маорифро нокофӣ ва ғайривоқеӣ меҳисобанд.

“Масъала ин ки замин ҷудо мекунем, бисёраш дар коғаз аст. Хеле муаллимони ҷавон шикоят мекунанд, ки соҳиби чунин қитаъаи замин нашудаанд. Албатта, дар баъзе ҷойҳо замин ҳам нест”, - гуфт Абдуқодир Талбаков.

Норасоии муаллим дар ҳолест, ки имсол беш аз 13 ҳазор нафар дар макотиби олии кишвар равияи омӯзгориро хатм мекунанд. Маълум нест, чӣ шуморе аз онҳо баъди хатм барои кор ба мактабҳо мераванд. Қаблан намояндагони Оҷонсии назорат дар соҳаи маориф гуфта буданд, ки на ҳама ҷавонон баъди хатм ба кори омӯзгорӣ мераванд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 120 ҳазор омӯзгор фаъолият мекунад, ки 70 дарсадаш зан аст.

Вазир гуфт, дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 2500 омӯзгор намерасад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

XS
SM
MD
LG