Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон моҳи июн 24 баробар гази бештар фурӯхтааст


Оҷонси омори Узбекистон хабар додааст, ки ин кишвар дар моҳи июни имсол ба маблағи $181,5 миллион ба хориҷ газ фурӯхтааст.

Ин рақам назар ба нишондоди моҳи майи соли равон 24 баробар ва нисбат ба ҳаминдавраи соли гузашта 2,4 баробар бештар аст.

Қаблан Сарраёсати гумруки Чин хабар дода буд, ки ин кишвар аз аввали имсол аз Узбекистон ба маблағи наздик ба 235 миллион доллар газ харидааст.

Узбекистон дар баробари Чин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳам газ мефурӯшад.

XS
SM
MD
LG