Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 корманди "YDD Corporation" дар Қазоқистон


Дар натиҷаи сӯхторе, ки 20-уми июл дар корхонаи "YDD Corporation" дар Қарағандаи Қазоқистон сар зада буд, чаҳор кас ҷон бохтааст.

Музаффар Исмайлови 30-сола, ки ба ҳайси сардори кӯраи корхона кор мекард, дар бемористон ҷон бохтааст. Ба гуфтаи табибон, 85 дарсади бадани ӯ сӯхта буд.

Кормандони осебдидаи дигари ширкат Ерулан Казкени 25-сола, Дмитро Адамчуки 43-сола ва Толеген Жетписбоеви 37-сола ҳам рӯзи 24 июл дар бемористон ҷон додаанд.

Масъулони "YDD Corporation" қаблан гуфта буданд, ки дар натиҷаи берун шудани шуълаи оташ аз кӯра 8 корманд сӯхтааст.

Пулиси Қарағанда гуфт, ҳодисаро бар асоси банди "Нақзи қоидаҳои бехатарӣ, ки боиси марги зиёда аз ду нафар гаштааст," тафтиш мешавад.

XS
SM
MD
LG