Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷо Байден гуфт, ки чаро аз ширкат дар интихобот даст кашид


Ҷо Байден
Ҷо Байден

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико дар як муроҷиати телевизионӣ сабаби даст кашиданаш аз рақобатҳои интихоботиро шарҳ дод. Байден аз Кохи Сафед ва дар хитоб ба шаҳрвандони ИМА гуфт, кор кардан дар мақоми президентии Амрико барояш ифтихор буд.

"Вале ҳифзи демократия, ки имрӯз зери хатар қарор гирифтааст аз ҳар вазифае муҳимтар аст,"-гуфт президенти феълии Амрико.

Ҷо Байден ҳамчунин қайд кард, ки ИМА дар дуроҳа қарор дорад ва ба роҳбаре ниёз дорад, ки тавонад кишварро муттаҳид кунад.

Байден дар шарҳи даст кашиданаш аз ширкат дар интихобот афзуд, дар ҳафтаҳои ахир барояш рӯшан шуд, ки Ҳизби демократ ба муттаҳидӣ ниёз дорад. Ишораи раиси ҷумҳури Амрико зоҳиран ба фишорҳои ҳамҳизбиҳояш аст, ки аз ӯ талаб доштанд, аз ширкат дар интихобот даст кашад.

Ҷо Байден рӯзи 21-уми июл эълон карда буд, ки номзадиашро дар интихоботи президентии моҳи ноябр пешбарӣ нахоҳад кард.

Ҷо Байден ва Доналд Трамп рӯзи 28-уми июн дар мунозираи телевизионӣ ширкат карданд. Ҷонибдоронаш гуфтанд, Байден дар баҳс бо Трамп аз худ заъф нишон дод ва бояд истеъфо диҳад.

Дар ИМА дар чор сол якбор интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва як нафар танҳо дубор ҳаққи иштирок дар маъракаи интихоботро дорад. Ҷо Байден соли 2020 пирӯзи ин маърака шуда буд ва ҳақ дошт, якбори дигар номзадиашро пешбарӣ кунад.

XS
SM
MD
LG