Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонкҳои Осиёи Марказӣ қабули маблағ аз Русияро кам кардаанд


Рад шудани қабули пардохтҳои Русия аз сӯи бонкҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар як моҳ то ба 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

Дар ин бора "РБК" бо истинод ба маълумоти ширкатҳои "PEK", "Digital VED", "GTL" ва "Logita Trade" хабар додааст.

Бонкҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Тоҷикистон муҳлати иҷрои пардохтҳоро ба далели ҳарос аз таҳримҳои дувумдараҷа то ду ҳафта зиёд кардаанд.

Ширкатҳои русӣ акнун маҷбур ҳастанд, ки ҳангоми интиқоли пул тавассути бонкҳои Осиёи Марказӣ ба Чин маълумоти бештар пешниҳод кунанд.

Қаблан ширкатҳои русӣ гуфта буданд, ки интиқоли пул ба бонкҳои Чин мушкилтар шудааст.

Вазири молияи Амрико Ҷанет Йеллен 9 апрели имсол дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Пекин гуфт, ширкатҳои чиние, ки дар содироти молҳои низомӣ ба Русия мусоидат мекунанд, таҳрим хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG