Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи нақлиётӣ дар шимоли Тоҷикистон 7 кас кушта шуд


Аксро корбарони Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса фиристоданд
Аксро корбарони Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса фиристоданд

Дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар Тоҷикистон дасти кам 7 нафар кушта шудаанд.

Дар видеое, ки дар маҳалли ҳодиса дар қаламрави ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи Душанбе-Чаноқ сабт шуда дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошта шуд, як шоҳиди ҳодиса ҷасади онҳоеро ҳисоб мекунад, ки дар канори роҳ хобидаанд.

Ӯ мегӯяд, теъдоди қурбониён 7 нафар аст ва дар байни онҳо кӯдакон низ ҳастанд. Фалокат имрӯз, 24-уми июл ба вуқӯъ пайвастааст ва сабаби садама бархӯрдани ду мошини "Опел" ба ҳамдигар будааст.

Вазорати умури дохилӣ то кунун ҳодисаро шарҳ надодааст. Дар Тоҷикистон солона дар садамаҳои нақлиётӣ садҳо нафар куштаву маҷруҳ мешаванд ва риоят накардани қоидаҳои роҳ, ҳаракат бо суръати баланд ва мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамворро сабабҳои маргу мири зиёд дар роҳҳои кишвар меноманд.

XS
SM
MD
LG