Бар асоси тағйирот, пулиси Русия ҳаққи ихроҷи шаҳрвандони хориҷиро дарёфт кард. То қабули ин қонун шаҳрвандони хориҷиро аз Русия танҳо марзбонон ва додгоҳҳои он кишвар метавонистанд, ки ихроҷ кунанд.
Барои ихроҷи хориҷиҳо "низоми махсус" ҷорӣ шудаааст, ки ҳуқуқи онҳоро якбора маҳдуд мекунад.
Шаҳрвандони хориҷие, ки бояд аз Русия ихроҷ шаванд, ҳаққи боз кардани ҳисоби бонкӣ, тиҷорат, рондани нақлиёт, бастани ақди никоҳ ва сафар аз як минтақа ба минтақаи дигари ин кишварро надоранд. Пулис метавонад бидуни қарори додгоҳ ба маҳалли зисти онҳо ҳозир шавад.
Ҳамчунин муҳлати будубош дар Русия бидуни иҷозатномаи зист ё раводид аз 180 то ба 90 рӯз кам карда шудааст.
Баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус" дар вилояти Маскав моҳи марти имсол, ки масъулияти онро "Шохаи Хуросони" ДОИШ ба ӯҳда гирифту беш аз 10 шаҳрванди Тоҷикистон дар анҷоми ин ҳамла гумонбар эълон шуданд, дар Русия эҳсосоти бегонабадбинӣ нисбати муҳоҷирон якбора боло рафт.