“Зан хонашин аст, лекин дар сари қудрат буданаш, ба фикри ман нодуруст аст.”
Сабаб ҳамин аст, боварҳои қадима ва нотавону беҳунар ҳисоб кардани зан, ё чизи дигар? Як назарпурсии кутоҳе, ки Радиои Озодӣ дар ҳамин бора дошт, баҳси зиёдеро дар Фейсбук ва Инстаграм барангехт ва то масъалаи ҳиҷобу сатр кашид, ки онро канор мегузорем. Аз шарҳи корбаре оғоз мекунем, ки дар Фейсбук худро Пирова Хайнисо муаррифӣ карда ва чунин навиштааст:
“Модарон худ қаҳрамонанд. Қаҳрамони ҳарду олам. Махсусан модарони тоҷик, ки айни замон фарзандҳояшонро танҳо калон ва тарбия карда истодаанд ва ин гуна модарон ниҳоят зиёданд.”
Дар Тоҷикистон ҳоло фақат 6 кас унвони қаҳрамони кишварро доранд ва ҳама мардон ҳастанд. Ин унвони олии давлатиро барои хидмати зиёд ба мардум ва давлат месупоранд. Шариф Холов, як корбари дигар дар Фейсбук аз замони шӯравӣ ёд кардааст, ки ба занон барои таваллуди зиёд унвони қаҳрамонмодар медоданд.
“Дар замони шӯравӣ ҳама модароне, ки аз 8 фарзанд зиёд таваллуд мекарданд, унвони қаҳрамонмодар бо медал мегирифтанд, новобаста аз он, ки нисф, ё ҳамаи фарзандонашон дузду роҳзан, ё ҷинояткор барояд ҳам.”
Барномаро инҷо тамошо кунед:
Дар Инстаграм низ баҳси зиёде дар бораи назарпурсии Радиои Озодӣ идома дорад ва теъдоде аз корбарон дар бораи қадр накардани занон гуфтаанд ва аз ҷумла як зане, ки худро Эстетика муаррифӣ кардааст. Шарҳаш чунин аст:
«Намедонам, намедонам. Шаш сол хондам, 10 сол кор кардам. Акнун дар хона нишастам, ба тарбияи кӯдакон машғул. Худамро аз даст додам, на ба саломатиам аҳамият медиҳам, на ба хушрӯӣ. Кӯдакбону фарроши бепул барои шавҳар!»
Теъдоде аз корбарон гуфтаанд, ки чанде аз занони тоҷик ба мисли табиби шинохта Саъдиниссо Ҳакимова ва Низорамо Зарипова, мақомдори собиқ дар аҳди шӯравӣ барои хидматҳояшон ба мардуми тоҷик лоиқи унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ҳастанд. Баъзе Зебуниссо Рустамова, камонкаши шинохтаро ҳам ном бурдаанд. Яке ҳатто Гурдофарид қаҳрамони Шоҳномаро пешниҳод кардааст. Гуруҳе аз корбарон, ки аксаран мардонанд, гуфтаанд, ки зан сазовори унвони қаҳрамонӣ нест ва умуман набояд кор кунад ва дар хона нишинаду фарзанд ба дунё биёрад.
Корбаре бо номи Маҳмад 16 дар Инстаграм дар посух ба ин гуфтаҳо чунин шарҳеро гузоштааст:
«Баъзеҳо ҳоло ҳам ба ақидаҳои толибӣ зиндагӣ доранд. Зан набояд илм омӯзад, зан набояд аз хона берун барояд.»
Аммо шарҳи бисёре аз корбарон чӣ дар Инстаграм ва ё саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук як аст ва он ҳам инки занон ва ё модарон дар асл худашон қаҳрамон ҳастанд. Корбаре бо номи Султонҷон Вализода гуфтааст, «зан-модар худ қаҳрамон аст, ки қаҳрамонҳоро ба дунё меорад.» Шарҳи Парвина Назарзода дар Фейсбук айни ҳамин аст:
«Зан модар бе ҳамон унвон ҳам қаҳрамон аст. Коре, ки модар мекунад, сухане модар мегӯяд, ягон шахс хусусан мардҳо карда наметавонанд. Модар доим қаҳрамон аст.»
Ба назари шумо кадоме аз занони тоҷик сазовори унвони қаҳрамони Тоҷикистон аст?
Гуфтугӯ