Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аргентина ва Колумбия ба финали Ҷоми Амрико-2024 роҳ ёфтанд


Дастаҳои мунтахаби миллии футболи Аргентина ва Колумбия ба финали Ҷоми Амрико-2024, ки дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷараён дорад, роҳ пайдо карданд. 

Бозии аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Амрико-2024 миёни тимҳои миллии Аргентина ва Канада, ки дар варзишгоҳи “Метлайф”-и Ист-Рутерфорди ИМА бо ҳузури беш аз 80 ҳазор тамошогар баргузор шуд, бо ҳисоби 2:0 ба суди аргентиниҳо хотима ёфт.

Дар дақиқаи 23-юми бозӣ ҳамлагари аргентиниҳо Хулиан Алварес ҳисобро кушод. Дар дақиқаи 51-уми бозӣ капитан ё сарвони тими миллии Аргентина Лионел Месси ҳисобро дучанд кард.

Ҳамин тавр, Аргентина ба финали Ҷоми Амрико -2024 баромад. Месси аввалин голашро дар ин мусобиқот ба самар расонид.

Бозии дувуми марҳилаи ниманиҳоии Ҷоми Амрико-2024 миёни дастаҳои мунтахаби Уругвай ва Колумбия, ки дар варзишгоҳи "Банк оф Америка" –и шаҳри Шарлотти ИМА баргузор шуд, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи колумбиягиҳо хотима ёфт.

Голи ягонаро ҳамлагар Ҳефферсон Лерма дар дақиқаи 39-ум зад. Дар замони изофаи нимаи аввали дидор ҳимоятгари тими миллии Колумбия Даниел Мунйос барои гирифтани ду корти зард аз майдон хориҷ шуд.

Ба ин тартиб, Колумбия ба финали Ҷоми Амрико-2024 баромад ва дар бозии ниҳоӣ, ки 15-уми июл дар Майами доир мешавад, бо тими миллии Аргентина рақобат мекунад.

Дарвоқеъ, мунтахаби Аргентина барандаи феълии Ҷоми Амрико мебошад. Ин даста дар мусобиқоте, ки соли 2021 дар Бразилия баргузор шуд, ғолиб омадааст. Дар финал Аргентина ба шарофати голи Анхел Ди Мария мунтахаби Бразилияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

Тимҳои миллии Аргентина ва Уругвай серунвонтарин дар таърихи Ҷоми Амрико мебошанд. Ин дастаҳо 15-борӣ ҷомро соҳиб шудаанд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми Амрико таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ (КОНМЕБОЛ) баргузор мешавад. Ин мусобиқа бори аввал соли 1916 расман доир гардид ва қадимтарин мусобиқаи байналмилалии қитъавӣ мебошад.

Ҳамаи тимҳои миллии КОНМЕБОЛ дар Ҷоми Амрико ширкат мекунанд: Аргентина, Бразилия, Боливия, Венесуэла, Колумбия, Перу, Парагвай, Уругвай, Чили ва Эквадор.

Аз соли 1993 инҷониб дудастаӣ аз дигар конфедератсияҳо, одатан аз Конфедератсияи футболи Амрикои Шимолӣ, Амрикои Марказӣ ва ҳавзаи Кариб (КОНКАКАФ) ба ин мусобиқа даъват мешаванд.

Дар Ҷоми Амрико-2024 даҳ дастаи КОНМЕБОЛ ва шаш дастаи дигар аз КОНКАКАФ иштирок мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG