Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия 5 тоҷикистониро аз 16 то 25 сол зиндонӣ кард


Додгоҳе дар Екатеринбурги Русия 5 шаҳрванди Тоҷикистонро бо ҷурми "ташкили гуруҳи террористӣ ва иштирок дар он" ба муҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ кардааст.

Расонаи "It’s My City" иттилоъ дода, ки Сангинмурод Мусофирову Абубакр Сангчаров дар ташкили созмони террористӣ ва ҷалби одамон ба он гунаҳкор дониста шудаанд. Додгоҳ аввалиро 25 ва дувумиро 24 сол аз озодӣ маҳрум кардааст.

Се гумонбари дигари парванда Анваршо Авезов 18 сол, Нуралӣ Дӯстов 17 сол, Шаҳромҷон Мусофиров 16 сол зиндонӣ ва 350-ҳазоррублӣ ҷарима шудаанд.

Ба иттилои "Baza", Сангчаров шаҳрвандии Русияро дорад ва боқӣ шаҳрвандони Тоҷикистонанд. "URA.RU" навишта, ки панҷ кас шаҳрвандии Тоҷикистонро доранд.

Расонаҳо соли 2021 хабар дода буданд, ки дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Русия 15 муҳоҷир дастгир гаштааст. 10 каси онҳо баъд аз се моҳ аз Русия ихроҷ ва панҷ тани боқӣ ба ҳабс гирифта шуданд. Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ гуфта буд, ки гумонбарон мехостанд дар Екатеринбург як шохаи гуруҳи "Толибон"-ро ташкил кунанд.

Наздикони муҳоҷирон иттиҳомотро беасосу сохта хонда, мегӯянд, “онҳо аз ноилоҷӣ ба Русия рафта буданд”.

Азизмурод Мусофиров, ки дар миёни боздоштшудаҳо бародар ва чанд хешовандонаш ҳаст, ба Радиои Озодӣ гуфта буд, онҳоро ду рӯз шиканҷа ва маҷбур кардаанд, ки гуноҳро ба гардан гиранд.

XS
SM
MD
LG