Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Бозиҳои"Бачагони Осиё" Узбекистон ғолиб, Тоҷикистон 15-ум шуд


Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои VIII байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё», ки аз 26-уми июн то 7-уми июл дар Ёқутистони Русия доир гардид, панҷ медал (2 тилло ва 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои VIII байналмилалии варзишии “Бачагони Осиё” бо ширкати беш аз 2000 варзишгари наврас аз 24 кишвар доир гардид.

Варзишгарон барои 239 маҷмуи медалҳо дар 24 намуди варзиш, ба мисли бадминтон, баскетбол 3х3, кураш, бокс, волейболи соҳилӣ, ҷудо, варзиши сабук, тенниси рӯи миз, тирпарронӣ, самбо, гуштии гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, камонварӣ, тэквондо, мини-футбол, гимнастикаи бадеӣ ва ғайра мубориза бурданд.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 19 варзишгар дар 5 намуд - гуштии озод, гуштии юнониву румӣ, гимнастикаи бадеӣ, камонварӣ ва самбо - намояндагӣ карданд.

Дар риштаи гуштии озод Идрис Баҳромов дар вазни 57 кило медали тилло, Умар Раҳимов (52 кг) ва Абдулмукит Набиев (68 кг) медали биринҷӣ гирифтанд.

Дар риштаи гуштии юнониву румӣ Дамир Отаев дар вазни 52 кило бо медали тилло ва Боймуҳаммад Нортоҷов (62 кг) бо медали биринҷӣ сарфароз гаштанд.

Дар ҳисоби дастаӣ мунтахаби Узбекистон бо касби 88 медал (36 тилло, 31 нуқра ва 21 биринҷӣ) ғолиб шуд. Тими Округ ё Ҳавзаи федеролии Сибир бо касби 93 медал (31-31-31) ҷойи дувум ва мунтахаби Беларус бо касби 78 медал (27-21-30) ҷойи севумро ишғол карданд.

Ҳамагӣ варзишгарони наврас дар ҳайати 22 даста, аз он ҷумла аъзои 17 даста бо медалҳои Бозиҳои VIII байналмилалии варзишии "Бачагони Осиё" мукофотонида шуданд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби 5 медал (2 тилло ва 3 биринҷӣ) дар байни 24 даста ҷойи 15-умро гирифт, аммо дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ охирин шуд: Узбекистон 88 медал (36-31-21, ҷойи аввал), Қазоқистон 107 (17-31-59, ҷойи 7-ум), Қирғизистон 33 медал (6-12-15, ҷойи 11-ум). Туркманистон дар ин бозиҳо иштирок накард.

Бозиҳои байналмилалии варзишии «Бачагони Осиё» аз соли 1996 дар чаҳор сол як маротиба баргузор мешаванд. Дар ин муддат дар мусобиқот беш аз 7 ҳазор варзишгари наврас аз 30 кишвари ҷаҳон иштирок карда, бархе аз онҳо минбаъд қаҳрамонҳои ҷаҳону ҷоизадорони олимпӣ гардидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG