Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарбозони чинӣ барои ширкат дар машқҳои низомӣ вориди Беларус шуданд


 Акси раҳбарони Беларусу Чин аз соли 2023
Акси раҳбарони Беларусу Чин аз соли 2023

Сарбозони чинӣ рӯзи 6 июл вориди Ҷумҳурии Беларус шуданд, то, ба қавли вазорати дифои ин кишвар, “дар машқҳои зиддитеррористӣ” иштирок кунанд.

Дар саҳифаи Телеграми вазорати дифои Беларус омадааст, ки машқҳои низомӣ рӯзҳои 8 то 19 июл баргузор мешаванд ва “заминагузори рушди минбаъдаи равобити Беларусу Чин хоҳанд шуд”.

Беларус рӯзи 4 июл ба узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой пайваст, ки як созмони минтақавии ба раҳбарии Чину Маскав дониста мешавад.

Ин ташкилотро як гузинае дар муқобили нуфузи Ғарб ҳам меноманд, чун Чин дар солҳои охир барои тавсеаи нуфузаш дар қаламрави Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ талоши зиёд ба харҷ медиҳад.

XS
SM
MD
LG