Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии Аврупо-2024: Испания ва Фаронса ба нимфинал роҳ ёфтанд


Лаҳзае аз бозии байни тимҳои миллии Португалия ва Фаронса
Лаҳзае аз бозии байни тимҳои миллии Португалия ва Фаронса

Рӯзи панҷуми июл ду бозии даври чорякниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон доир гардид.

Дар бозии аввали даври чорякниҳоӣ дар шаҳри Штутгарт дастаҳои мунтахаби Испания ва Олмон рақобат карданд. Испаниҳо дар замони изофа бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуданд.

Голи мунтахаби Испанияро Дани Олмо (дақиқаи 51‑ум) ба самар расонид. Голи олмониҳоро Флориан Виртс (89) зад. Дар қисми дувуми замони изофа зарбаи нишонраси Микел Мерино (119) ба испаниҳо пирӯзӣ овард.

Дар бозии дигари даври чорякниҳоӣ дар Ҳамбург тимҳои миллии Португалия ва Фаронса рақобат карданд. Замони асосӣ ва изофаи ин дидор бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт. Аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ фаронсавиҳо бо ҳисоби 5:3 ғолиб омаданд.

Дар даври ниманиҳоӣ 9-уми июл дастаҳои мунтахаби Испания ва Фаронса бо ҳам рӯбарӯ мешаванд.

Қаҳрамонии Аврупо-2024.. Марҳилаи ниҳоӣ. 1/4 финал

Испания – Олмон – 2:1 (0:0)(1:1)

Голҳо: Олмо, 51. Мерино, 119 — Виртс, 89.

Аз майдон хориҷ шуд: Карвахал, 120.

Португалия – Фаронса – 0:0 (аз рӯи силсилаи пеналти – 3:5).

Ду бозии дигари даври чорякниҳоӣ рӯзи 6-уми июл барпо мегардад. Дар Дюсселдорф тимҳои миллии Англия ва Швейтсария, дар Берлин дастаҳои мунтахаби Нидерланд (Ҳолланд) ва Туркия бозӣ хоҳанд кард.

Дастаҳои мунтахаби Италия, Дания, Словакия, Гурҷистон, Белгия, Словения, Руминия, Австрия, Олмон ва Португалия, ки дар плей-офф ноком шуданд, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гаштанд.

Дар марҳилаи гурӯҳии қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон 24 тими миллӣ иштирок кард. Дастаҳо ба шаш гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ, инчунин чаҳор дастаи нишондҳояшон хубтари ҷойҳои севум ба даври 1/8-ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Олмон ва Швейтсария аз гурӯҳи А, Испания ва Италия аз гурӯҳи В, Англия, Дания ва Словения аз гурӯҳи С, Австрия, Фаронса ва Ҳолланд аз гурӯҳи D, Руминия, Белгия ва Словакия аз гурӯҳи Е, Португалия, Туркия, Гурҷистон аз гурӯҳи F - ба плей-офф баромаданд.

Даври 1/8-ниҳоии қаҳрамонии Аврупо дар Олмон, ки 29-уми июн шуруъ шуд, 2-юми июл ба поён расид. Ду бозии дигари даври чорякниҳоӣ 6-уми июл ва бозиҳои нимфиналии мусобиқот рӯзҳои 9-уму 10-уми июл баргузор мешаванд.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 дар Олмон рӯзи якшанбеи 14-уми июл дар шаҳри Берлин доир мегардад.

Нишонзанҳои қаҳрамонии Аврупо-2024:

Коди Гакпо (Нидерланд) – 3 гол

Ҷамол Мусиала (Олмон) – 3 гол

Иван Шранс (Словакия) – 3 гол

Жорж Микаутадзе (Гурҷистон) – 3 гол (2 – аз пеналти)

Ҷуд Беллингем (Англия) – 2 гол

Виртс Флориан (Олмон) – 2 гол

Мерих Демирал – 2 гол

Кейн Ҳарри (Англия) – 2 гол

Мален Дониелл (Нидерланд) – 2 гол

Даниэл Олмо (Испания) – 2 гол

Руис Фабиан (Испания) – 2 гол

Никлас Фюллкруг (Олмон) – 2 гол

Марин Рэзван (Руминия) – 2 гол (1 – аз пеналти)

Кай Ҳаверс (Олмон) – 2 гол (2 – аз пеналти)

Қаҳрамонии Аврупо-2024

1/8 финал

Швейтсария — Италия – 2:0

Олмон — Дания – 2:0

Англия — Словакия – 2:1

Испания — Гурҷистон – 4:1

Фаронса — Белгия – 1:0

Португалия — Словения – 0:0 (аз рӯи силсилаи пеналти - 3:0)

Руминия —Нидерланд (Ҳолланд) – 0:1

Австрия — Туркия – 1:2

5 июл, ҷумъа:

1/4 финал, Испания – Олмон – 2:1

1/4 финал, Португалия – Фаронса – 0:0 (аз рӯи пеналти 3:5)

6 июл, шанбе:

1/4 финал, Англия – Швейтсария, 20:45

1/4 финал, Нидерланд (Ҳолланд) – Туркия, 23:45

9 июл, сешанбе:

1/2 финал, Испания – Фаронса, 23:45

10 июл, чоршанбе:

1/2 финал, 23:45

14 июл, якшанбе:

Финал, 23:45

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбест.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG