Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари дурӯзаи Си Ҷинпин ба Тоҷикистон шуруъ шуд


Си Ҷинпин
Си Ҷинпин

Шоми 4-уми июл раисиҷумҳури Чин Си Ҷинпин бо сафари давлатӣ вориди Душанбе шуд.

Ба иттилои расмӣ, сафари Си Ҷинпин ба Тоҷикистон то 6-уми июл давом мекунад. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, роҳбари Чин ба ғайр аз мулоқот бо мақомдорони баландпоя дар чорабиниҳои расмӣ ширкат мекунад. Аммо мақомот аз ин чорабиниҳо ном набурданд. Танҳо тахмин меравад, ки Си Ҷинпин дар маросими ифтитоҳи бинои нави ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ширкат мекунад. Ин ду бино бо маблағи Чин сохта шудаанд.

Дар солҳои ахир Чин ба бузургтарин сармоягузорони тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон табдил шуда, ҳоло Душанбе аз “Эксимбонк”-и Чин беш аз як миллиард доллар қарздор мебошад. Ширкатҳои чинӣ асосан ба истихроҷи маъданҳои нодиру гаронбаҳо дар Тоҷикистон машғуланд.

XS
SM
MD
LG