Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СММ ба Душанбе расид


Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш шоми 4-уми июл вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шуд. Ӯро дар фурудгоҳ Ҳоким Холиқзода, муовини аввали нахуствазир пешвоз гирифтааст.

Хабаргузории давлатии Ховар навишт, Антониу Гутерриш бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот мекунад. Ҷузъиёти дигари сафари дабири куллии СММ ба Тоҷикистон маълум нест.

Сафари Дабири кулли СММ ба минтақаи Осиёи Марказӣ 29-уми июн оғоз шуд. Антониу Гутерриш пеш аз ин дар Узбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон буд. Ӯ дар шаҳри Остона дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат кард.

Раҳбари СММ Антонио Гутерриш бори охир ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ соли 2017 сафар карда буд.

XS
SM
MD
LG