Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи раҳбарони Чину Узбекистон дар Остона


Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 3 июл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон бо ҳамтои чинияш Си Ҷинпин дидору гуфтугӯ кардааст.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Узбекистон, дар мулоқот гуфта шудааст, ки соли гузашта ҳаҷми табодули мол миёни Узбекистон ва Чин ба 14 миллиард доллар расида ва дар ояндаи наздик имкони ба 20 миллиард доллар расондани он вуҷуд дорад.

Ҳамчунин ҷонибҳо дар робита ба тезонидани қабули барномаҳои ҳамкории стратегӣ дар бахшҳои зербиноӣ, саноат, кишоварзӣ ва "энергияи сабз" созиш кардаанд.

Си Ҷинпин гуфтааст, мавқеи Чин дар масъалаи ҷонибдорӣ аз истиқлол, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Узбекистон устувор аст.

Шавкат Мирзиёев дар навбати худ изҳор дошта, ки "Чин барои Узбекистон ҳамеша дӯст ва шарики боэътимод буд". Президенти Узбекистон ҳамтои чинияшро ба Тошканд даъват кардааст.

XS
SM
MD
LG