Белорус аз соли 2015 дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой мақоми кишвари нозирро дошт.
Созмони ҳамкории Шонгҳой як созмони зери нуфузи Русия ва Чин мебошад. Узбекистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон узви СҲШ мебошанд. Бо пайвастани Белорус шумораи аъзоёни СҲШ ба 10 кишвар расид.
Афғонистон ва Муғулистон дар СҲШ мақоми нозирро доранд. Баъди ғасби қудрат аз сӯи Толибон дар соли 2021, намояндагони Афғонистон дар ҷаласаҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат намекунанд.