Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марде, ки асрори Амрикоро фош кард, аз зиндон раҳо шуд


Ҷулиан Ассанж
Ҷулиан Ассанж

WikiLeaks хабар дод, ки рӯзи 24-уми июн Ҷулиан Ассанж аз як зиндони Бритониё озод шудааст.

Ин ҳосили муомилаҳои тӯлонӣ бо мақомоти ИМА аст, ки ба як моҷарои 14-сола нуқта мегузорад.

WikiLeaks дар саҳифааш дар Х навишт, “Ҷулиан Ассанж озод шуд”.

Ассанж бо иттиҳоми фош кардани асрори ҳарбӣ панҷ сол пеш дар Бритониё боздошт шуда, давоми ин муддат бо хатари истирдод ба ИМА ба сар бурдааст. Ассанж розӣ шуд, ки дар як маврид гуноҳи худро эътироф кунад ва ин тавтеа барои ба даст овардан ва нашр кардани маълумот дар соҳаи амнияти миллӣ мебошад.

Ассанж фардо дар як додгоҳи амрикоӣ ҳозир мешавад ва дар паи эътирофи ин гуноҳ панҷ соли дар ҳабси Бритониё буданаш ба инобат гирифта шуда ӯро озод хоҳанд кард. Баъди ин вай ният дорад ба ватанаш, Австралия баргардад.

XS
SM
MD
LG