Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 5-уми варзишии БРИКС


Тотористон, 12-уми июни 2024
Тотористон, 12-уми июни 2024

Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои 5-уми варзишии кишварҳои БРИКС (BRICS Sports Games 2024), ки дар Қазони Тотористон (Русия) ҷараён дорад, се медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Маҳмуд Абдуллоев, дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарсе медали варзишгарони тоҷик ба риштаи самбо мутааллиқ аст.

Вай афзуд, “паҳлавонони шинохтаи тоҷик Сорбон Латифов дар вазни то 64 кило, Деваштич Убайдӣ дар вазни то 79 кило ва Зафар Олимшоев дар вазни то 88 кило дар риштаи самбои варзишӣ бо медалҳои ӣиринҷӣ мукофотонида шуданд.”

Дар Бозиҳои 5-уми варзишии кишварҳои БРИКС тақрибан 4000 варзишгар аз 90 кишвари олам иштирок мекунанд. Мусобиқот дар 27 намуди варзиш аз рӯи барномаи бозиҳо то рӯзи 23-юми июн идома меёбад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин бозиҳо 85 вазишгар шомиланд, ки дар 14 намуд иштирок мекунанд.

Дар ҳамин ҳол варзишгарони 29 кишвар медали бозиҳоро ба даст овардаанд, аз он ҷумла намояндагони 12 давлат бо нишонҳои тилло сарфароз гаштаанд.

Аз рӯи ҳисоби умумии медалҳо ва ҳам бо назардошти сифати онҳо дастаи мунтахаби Русия бо касби 117 медали тилло, 80 нуқра ва 49 биринҷӣ дар мақоми аввал аст.

Мақоми дувумро мунтахаби Беларус бо касби 19 нишони тилло, 37 нуқра ва 41 биринҷӣ азони худ кардааст. Мунтахаби Чин бо касби 17 медали тилло, 11 нуқра ва 8 биринҷӣ дар мақоми севум аст.

Ба даҳгонаи аввал, инчунин Эрон (4-10-15), Узбекистон (3-7-18), Бразилия (2-3-9), Ҳиндустон (1-3-10), Муғулистон (1-1-6), Арманистон (1-0-6) ва Озарбойҷон (1-0-2) дохиланд.

Ҳоло дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 медали биринҷӣ дар ҷойи 21-ум мавқеъ дорад.

Коршиносон аз намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои 5-уми кишварҳои БРИКС дар риштаҳои бокс, ҷудо, гуштии камарбандӣ, қайиқронӣ ва ғайра нишонҳоро чашмдоранд.

XS
SM
MD
LG