Ба иддаои баъзе аз онҳо, масъулони Боздоштгоҳ ба ҷавонону мардон пешниҳод додаанд, ки барои рафтан ба ҷанг дар Украина қарордод имзо кунанд. Талоши мо барои гирифтани шарҳи мақомоти Русия ва намояндагии расмии Тоҷикистон дар Маскав то ин дам натиҷа надод.
"Фақат зулм карда истодаанд, то ба коғаз имзо гузорем. Яъне, ба ҷанг ба Украина равем. Баъзе аз одамон аз се моҳ то як сол боз дар инҷо ҳастанд," -- нақл кард яке аз муҳоҷирон дар паёме, ки рӯзи 14-уми июн ба тарҳи "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ фиристод. Ба далели амниятӣ ному насаби ӯ фош намешавад.
Ин муҳоҷир афзудааст, Боздоштгоҳ дар 200-километрии шаҳри Қазон, пойтахти Тотористони Русия, ҷойгир аст. "Инҷо аз дусад нафар зиёдро нигоҳ медоранд. Се ошёна дорад. Дар ҳар хона чор нафарро маҳкам кардаанд. Бачаҳо бисёр, занҳои ҳомила ҳам ҳастанд. Ягон кас моро намепурсад. Ба мисли саг дар инҷо банд мондаем. Ҳар рӯз як соат телефонҳоро медиҳанд, тамом," -- ба нақлаш идома додааст ӯ.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ӯ даҳ рӯз пеш аз Тоҷикистон ба Русия рафт, вале дастгир карданду ҷарима бастанд ва ҳоло дар Боздоштгоҳ аст. "Ҳамаи ҳуҷҷатҳоям дуруст буданд, аммо бе ягон ҳукму асос чор ҳазор рубл ҷарима бастанд. Дар ҳақиқат, одамоне ҳастанд, ки иҷозаи кор (патент) доранд, вале дар инҷо нигоҳ дошта мешаванд," – илова кардааст ӯ.
Муҳоҷирон мегӯянд, рафтори кормандони Боздоштгоҳ дар Тотористони Русия бо онҳо бад буда, хӯроки хуб нест ва дар ҳашт рӯз як бор ҳаққи ҳаммом доранд: "Дар ин ҷо муҳоҷирон аз кишварҳои дигар, аз Узбекистон ҳастанд, вале фақат тоҷиконро ғам медиҳанд. Ба дигарон чизе намегӯянд. Хайр, соҳиб надорем охир, ягон дастгирӣ нест. Баъзе аз дастгиршудаҳо розӣ ҳастанд, ки худ билет харанду раванд, лекин ҷавоб намедиҳанд."
Ҳамсуҳбати мо аз номи даҳҳо муҳоҷири дигар дар Боздоштгоҳи Тотористон хоҳиш кард, ки ба ҳукумати Тоҷикистон расонда шавад, то аз шаҳрвандони худ дар Русия ҳимоят кунад: “Сафорат ҳаст ё не? Ягон ёрӣ намекунад ба халқи мо. Мардон сабр мекунанд, ба занҳои ҳомила душвор аст. Паҳн кунед видеоро, халқ бинад."
Боздошту ҳабс ва ихроҷи гурӯҳии муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз як сол боз идома дорад, вале пас аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" ба авҷ расидааст. Мақомоти Русия чанд зодаи Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ин ҳодиса дар наздикии Маскав дастгиру ҳабс карданд, ҳарчанд наздиконашон ба дурустии он шубҳа доранд ва худашон низ хоҳони бозбинии иттиҳом шудаанд.
Акнун тоҷикон қариб, ки дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон бо муносибати бад ё шубҳанок рӯбарӯ мешаванд. Муҳоҷирони тоҷик аз он гила доранд, ки мақомоти Тоҷикистон на дар дохил барояшон ҷойи кори хуб медиҳанд ва на дар берун аз онҳо пуштибонии кофӣ мекунанд.