Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зани тоҷик рухсатӣ дорад?


Зани тоҷик рухсатӣ дорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:19:59 0:00
Линки мустақим

Ақидае ниҳодина аст, ки Радиои Озодӣ танҳо бо шахсони саршинос суҳбат мекунад. Нодурустии ин ақидаро ду барномаи ин расона собит мекунанд. Яке "Як рӯз бо Шумо" ва дигаре "Меҳмони Озодӣ". Агар дар барномаи аввал ҳазорон нафар аз афроди одӣ ширкат карда бошанд, шаҳрвандони қаторӣ ба барномаи "Меҳмони Озодӣ" низ даъват шудаанд. Як намуна аз соли 2015 ҷолиб аст, чун бе омодагии пешакӣ хабарнигорони Радиои Озодӣ бо зане ҳамсуҳбат шуданд, ки дар киштзори канори роҳ каланд мезад. Ин суҳбатро Шаҳлои Гулхоҷа ва Барот Юсуфӣ анҷом дода буданд. Имрӯз аввал Шаҳло ҷузъиёти он дидорро нақл мекунад ва сипас гуфтугӯ бо бонуи тоҷик пахш мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG