Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мактаби Ғусгеф чароғону гарм шуд. ВИДЕО


Мактаби деҳаи Ғусгеф дар ноҳияи Ромит, ки зимистону тобистон барқ надошт, соҳиби рӯшноӣ шуд. Орзуи зери чароғи равшан дарс хонаднаи хонандагони ин мактабро як гурӯҳи ҷавонони ташабусскор бо роҳи краундфандинг ё маъракаи ҷамъоварии маблағ аз мардум амалӣ карданд. Ин маърака моҳи майи соли гузашта эълон шуда буд.

Малика Ҳакимова, яке аз ташаббускорони ин тарҳ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар охири моҳи декабр тамоми корҳои бунёдӣ анҷом ёфт. Онҳо панелҳои офтобиро насб карда, дару тиреза ва фарши синфхонаҳоро иваз намуданд. Баробари гарму равшан шудани мактаб шумори хонандагон низ дар ин деҳа зиёд шудааст.

Мактаби 87-и деҳаи Ғузгеф 130 хонанда дорад ва дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар дараи Ромит ҷойгир аст. Ба иллати набудани хатти барқ дар ин минтақа, мардум тамоми ин солҳо аз рӯшноӣ маҳруманд. Бархе ҳам бо истифода аз генераторҳои дизелӣ хонаҳояшонро рӯшан мекунанд. Малика мегӯяд, онҳо ҳеҷ интизор надоштанд, ки дар муддати кӯтоҳ метавонанд барои бунёди мактаби офтобӣ маблағ ҷамъоварӣ намоянд.

Аммо ғайиринтизор аз 13 кишвари дунё барои барқ бурдан ба мактаби Ғуcгеф саҳми худро гузоштанд ва дар 20 рӯз ҳашт ҳазор доллар ҷамъоварӣ шуд. Маблағи боқимонади зарурӣ яъне ҳашт ҳазори дигарро яке аз барномаҳои СММ пардохт кардааст. Мусоҳиби мо афзуд, “нерӯи панели офобӣ феълан танҳо барои додани рӯшноӣ кифоят мекунад. Аммо мо мехоҳем дар оянда тариқи барномаҳо дигар бухориҳои офтобиро харидорӣ намоем.»

Бояд гуфт, рӯшану гарм кардани мактаби Ғусгеф ягона ҳадафи маъракаи “Мактаби офтобӣ” нест, балки бо ин роҳ ташаббускорон мехоҳанд, дар оянда мактабҳои дигари бебарқи кишварро бо рӯшноӣ таъмин кунанд. Бомуваффақият анҷом ёфтани нахустин таҷрибаи ҷамъоварии маблағ барои беҳтар кардани шароити таълим, масъулини ин тарҳро ба идомаи ин иқдомашон хушбин кардааст.

Дақиқ нест, ки чӣ теъдод аз хонандагон дар кишвар мисли толибилмони мактаби Ғусгеф тамоми як соли таҳсил дар торикӣ дарс мехонанд. Аммо синфхонаҳои аксар муассисаҳои таълимӣ дар минтақаҳои кишвар махсусан дар фасли сармо маҳдудияти барқ доранд ва тавассути бухориҳои бобоӣ гарм карда мешаванд.

Видео аз моҳи майи соли 2016:

Таҳсил дар синфхонаҳои торику сард
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00

XS
SM
MD
LG