Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Даҳҳо сокини Язғулом боздошт шудаанд


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон даҳҳо сокини ҷамоати Язғуломи ноҳияи Ванҷро бо гумони "омодагӣ ба харобкорӣ" дастгир кардаанд.

Расонаҳои "Pamir Inside" ва "Azda TV" бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додаанд, ки боздошти сокинони деҳаҳои Жамак ва Андарбаки Язғулом 16-уми май оғоз ва дасти кам 35 сокини ду деҳа то ҳол боздошт шудааст.

"Дасти кам 20 сокини Жамак ва 15 сокини Андарбак боздошт ва ба Душанбе бурда шудааст. То ҳол дар бораи онҳо хабаре нест. Дар маҷмуъ дар водии Язғулом ҳудуди 50 кас дастгир шудааст", - навиштааст Pamir Inside.

"Azda TV" иттилоъ додаааст, ки қудратиҳо аз боздоштшудаҳо силоҳ мекофтанд ва онҳоро ба "омодагӣ барои харобкорӣ" дар минтақа муттаҳам мекунанд.

"Дилбаршо Лайлиев, яке аз шахсони бонуфуз дар миёни язғуломиҳо баъди баргашт аз Русия ҳамроҳи писараш боздошт ва ба Душанбе бурда шудааст",-иқтибос овардааст манбаъ аз қавли ҳамсуҳбати худ.

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон боздоштҳо дар Язғуломро то кунун расман шарҳ надодааст ва маълум нест, ки ангезаи ин боздоштҳо чист.

Хабари боздоштҳо дар Язғулом дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки дар гузашта низ дар ин минтақа боздоштҳое сурат гирифта буд.

Ҳамчунин як сол қабл, рӯзи 26-уми апрели соли 2023 дар мавзеи Дашти Язгулои ноҳияи Ванҷ, ба гуфтаи мақомот, ду нафар аз афроди "Ҷамоати Ансоруллоҳ", ки аз ҳудуди Афғонистон ба хоки Тоҷикистон ворид гардида буданд, "безарар карда шуданд".

Ахиран марзбонҳои Тоҷикистон аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва хориҷиён хостаанд, ки бе шиноснома ё санадҳои дигари тасдиқкунандаи ҳувият ба минтақаҳои сарҳадӣ дар Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нараванд. Ин ду вилоят дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст.

Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон рӯзи 17-уми май дар баёнияе гуфт, "бе риояи чунин талабот даромадан ба минтақаҳои номбурда иҷозат дода намешавад... Дар постгоҳҳои сарҳадӣ даромаду баромади шаҳрвандонро зери назорати ҷиддӣ мегиранд."

Мақомот сабабро ба "вазъи минтақа ва ҷаҳон" ва "кӯшиши созмонҳои террористию экстремистӣ барои ғайриқонунӣ гузаштани сарҳадҳои давлатӣ ва амалҳои зиддибашарии террористӣ дар нуқтаҳои гуногуни сайёра, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон" рабт додаанд.

Онҳо намунаи мушаххас наоварда, вале гуфтаанд, ин ҳолат "тақозо мекунад, ки ҳифзу ҳимояи ҳудуди мамлакат, суботу оромӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи сокинон пурзӯр карда шавад."

Маълум нест, ки ин баёнияи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон то кадом андоза ба боздоштҳо дар Язғулом рабт дорад. Ин баёния дар рузҳое нашр шуд, ки боздоштҳо дар Язғулом оғоз шуда буд.

XS
SM
MD
LG