Ӯ ба гуноҳаш эътироф кардааст. Ба ӯ аз 25 сол то ҳукми абад маҳрумӣ аз озодӣ таҳдид мекунад.
Рӯзи 15-уми май дар шаҳри Гандлова аз миёни издиҳом ба сӯи Роберт Фитсо як нафаре тир паронд.
Пас аз боздошт нависандаи словакӣ гуфтааст, ки ӯ аз сиёсати сарвазир, аз ҷумла қатъи кӯмакҳои низомӣ ба Украина, розӣ набуд.
Пизишкон гуфтаанд, ки ба сарвазир марг таҳдид намекунад, вале вазъи саломатиаш вазнин аст.
Ба бадани ӯ чор тир расидааст ва чанд бор пизишкон ӯро ҷарроҳӣ карданд.
Роберт Фитсо пас аз сарвазири Словакия шудан гуфта буд, ки ба Украина кӯмаки низомӣ намекунад, чун ин кор хунрезиро бештар мекунад.