Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихтилофи нави демократҳои Тоҷикистон. Усмонзода: "Мехоҳанд маро барканор кунанд"


Анҷумани ҳизби демократи Тоҷикистон. Навор аз бойгонӣ.
Анҷумани ҳизби демократи Тоҷикистон. Навор аз бойгонӣ.

Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) рӯзи 8-уми май бо нашри як муроҷиатнома аз ихтилофҳои дарунҳизбӣ ва эҳтимоли баргузор шудани Анҷумани ғайринавбатӣ ё "ғайриоинномавӣ" хабар дод.

Қарор аст, ин Анҷуман рӯзи 11-уми май баргузор шавад. Саидҷаъфар Усмонзода, раиси кунунии ҳизб бо нашри муроҷиатноме дар ин бора хабар додааст. Вай гуфтааст “гурӯҳи номаълум бо сардории Шаҳбози Аброр ва Юлдошев Абдуҷаббор мехоҳанд Анҷумани ғайринавбатии ҲДТ-ро баргузор кунанд”. Шӯрои сиёсии ҲДТ ин корро “рафтори ғайриоинномавӣ” номидааст.

Хабаргузории давлатии “Ховар” ҳам рӯзи 7-уми май хабари баргузор шудани Анҷумани ғайринавбатии ҲДТ-ро нашр карда, гуфтааст, “рӯзномаи Анҷуман мавзуъҳои фаъолияти Ҳизби демократии Тоҷикистон дар ду соли охир ва масъалаҳои ташкилӣ, аз ҷумла интихоби раис ва дигар роҳбарияти онро дар бар мегирад”.

"Кадом гурӯҳе манфиатдор аст..."

Қарор аст ин Анҷуман дар меҳмонхонаи “Кангурт”, дар Душанбе баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол ҲДТ мегӯяд, ки Шӯрои сиёсии ҳизбро баргузор карда, Шаҳбози Аброр ва Абдуҷаббор Юлдошевро “барои рафтори ғайриоинномавӣ ва тафриқа андохтан дар дохили ҳизб” аз узвияти Шӯро хориҷ кардааст.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси кунунии ҲДТ ва вакили порлумон дар як мусоҳиба ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чанд нафар бо ҳимояти баъзе аз гурӯҳҳо мехоҳанд “анҷумани ғайриқонунӣ баргузор ва ӯро аз раёсати ҳизб барканор кунанд”.

“Кадом гурӯҳи манфиатдоре ҳаст дар ин ҷо, ки бо онҳо ҳамкорӣ мекунад. Мо сохторҳои ҳукуматро пурсидем, ки агар касе ҳизбгир бошад, мегузоштед, ки мо ба ихтиёри худ бе ҷангу ҷанҷол месупурдем. Аммо гуфтанд, мо шарик нестем”,- гуфт, Саидҷаъфар Усмонзода.

Вале Шаҳбози Аброр, ки Шӯрои сиёсии ҲДТ ӯро яке аз баргузоркунандагони анҷумани рӯзи 11-ум донистааст, ин иддаоҳоро бепоя хонда, мегӯяд ҳамаи кори онҳо бар асоси қарори Шӯрои сиёсии ҲДТ, ки 6-уми апрел баргузор шуд, сурат мегирад. Ба гуфтаи вай, Усмонзода ҳам ба он даъват шуда буд.

Саидҷаъфар Усмонзода бар ин аст, ки аз набудани ӯ дар Тоҷикистон истифода шуда, бе ризоияти ӯ баргузор кардани ҷаласаи Шӯрои сиёсӣ бар хилофи оинномаи ҳизб аст.

“Дарак надоштам, ки Шӯрои сиёсӣ шуда гузаштааст. Чин якҳафтаина барои табобат рафта будам. Шаҳбози Аброр ифтор ташкил карда, аъзоро занг зада гуфтааст, ки раисро телефон кардам вақт надорад, биёяд, маслиҳат кардаем ҳамаро медонад, барои интихоботи нав бояд анҷуман баргузор кунем ва шумо ба қарори Шӯрои сиёсӣ розӣ шавед.”

Шаҳбози Аброр баръакс баргузории Шӯрои сиёсӣ аз сӯйи Усмонзодаро дар рӯзи 8-уми май ғайриқонунӣ хонд, чун ба гуфтаи вай "дар он аз се ду ҳиссаи аъзои шӯро ҷамъ нашудааст”.

Ҳадафи Анҷуманро интихоби раиси нав гуфтанд

Шаҳбози Аброр мегӯяд, ки тибқи оиннома аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои сиёсӣ метавонанд анҷуманро таъин кунанд ё иқдоми дигаре бигиранд. Ба назари ӯ “пас анҷумани соли 2022 ҳеч гоҳе ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҳизб баргузор нашудааст, ки ин хилофи оиннома аст” ва ҳоло бо норизоятӣ аз кори раиси ҳизб даст ба ин иқдом задаанд.

“Шӯрои сиёсӣ қарор кард, ки фаъолияти ҳизб аз соли 2022 ба баъд ғайриқаноатбахш аст ва ин дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” чоп шуд. Мо мехоҳем бо баргузор кардани Анҷуман ва интихоби раиси нав кори ҳизбро босамар ва аъзои онро, ки кам шудааст, зиёд кунем. Вазорати адлияро ҳам дар ҷараён гузоштем, ки анҷуман баргузор мекунем”,-иддао дорад Шаҳбози Аброр.

Ба иддаои Шаҳбози Аброр “айни замон ҳизбро гурӯҳе дастгирӣ намекунад ва танҳо аз ҳисоби собиқадорони ҳизб, ки дар паҳлуи ормонҳои ҳизб истодаанд, пеш меравад”.

Раиси кунунии ҳизб, Саидҷаъфар Усмонзода мегӯяд, ҳар тасмиме, ки рӯзи 11-уми май гирифта мешавад ҳамаашро ғайри қобили қабул медонад. "Ҳеч кас дар ин ҷо ҳуқуқ надорад, ки қароре қабул кунад, ҳатто Вазорати адлия. Албатта ба президенти кишвар ва ҷоҳои дигар муроҷиат мекунем, ки ин чӣ гапу ин чӣ бедодгарӣ ҳаст, ки ба кори ҳизбҳо ин гуна дахолат мекунанд? Гурӯҳҳои алоҳида ба кори ҳизбҳо дахолат мекунанд. Ки ҳастанд инҳо?”-мегӯяд, Усмонзода.

Аммо тиме, ки рӯзи 11-уми май Анҷуман баргузор мекунанд, алайҳи баёнияи рӯзи 8-уми майи ҲДТ изҳорот нашр карда, гуфтаанд, ки ин Анҷуманро баргузор мекунанд.

Шаҳбози Аброр номзад ва ҳатто раиси ҳизб интихоб шудани худро дар ин Анҷуман истисно намедонад. Ӯ мегӯяд, дар оянда талош мекунанд барои татбиқи барномаҳои ҳизб ва ормонҳои ҷонибдоронаш кор кунанд ва ҳатто барои қудрати сиёсӣ низ мубориза барад. “Сарбозе, ки орзуи генерал шудан надорад, сарбоз нест”- афзуд, вай.

Ҳизби демократии Тоҷикистон, ки аз соли 1990 дар саҳнаи сиёсии Тоҷикистон ҳузур дорад, борҳо ба ҷиноҳҳо ва фраксияҳои гуногун тақсим шудааст. Аз ҷумла баъди соли 1993, ки фаъолони ин ҳизб ба хориҷи кишвар паноҳанда шуданд, ин ҳизб ба ду қисм: ҷиноҳи Алмато ва ҷиноҳи Теҳрон ҷудо шуда, баъдан ҷиноҳи Алмато вориди Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик шуд ва дар музокироти сулҳи тоҷикон ширкат кард.

Дар соли 2006 баъди зиндонӣ кардани раиси вақти ҳизб Маҳмадрӯзӣ Искандаров чеҳраи камошнои сиёсӣ Масъуд Собиров анҷуман баргузор намуд ва Вазорати адлия ӯро раиси ҳизб эътироф кард. Пас аз ин, коршиносон гуфтанд, мавқеи сиёсии ҳизб ҷиддан калаванда шуд. Ҳамон замон ҲДТ ба ду ҷиноҳ тақсим шуд, ки якеро Масъуд Собиров ва дигареро Раҳматулло Валиев, муовини раиси пешини ҳизб раҳбарӣ мекарданд.

Соли 2013 Вазорати адлия бар асоси санҷиши якмоҳа ва омӯзиши асноди пешниҳодии ҲДТ Оинномаи нави ҳизбро номнавис ва расман Саидҷаъфар Усмонзодаро раиси он эътироф кард. Дар интихоботи президентии моҳи ноябри ҳамон сол Усмонзода дар баробари 4 нафари дигар рақиби Эмомалӣ Раҳмон буд. Бо гузашти ду сол Усмонзода вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи Фархор интихоб шуд ва дар интихоботи порлумонии соли 2020 низ танҳо вакили ин ҳизб дар порлумон шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG