Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози сокинони Бадахшон алайҳи Толибон


Садҳо нафар дар маркази ду ноҳия ба хиёбон баромаданд ва эътироз карданд.
Садҳо нафар дар маркази ду ноҳия ба хиёбон баромаданд ва эътироз карданд.

Толибон гуфтаанд, ки як ҳайатро барои баррасии эътирози сокинон ба вилояти Бадахшон фиристодаанд.

Ду рӯзи ахир теъдоди зиёде аз сокинони ноҳияи Дараим ва Аргои вилояти Бадахшони Афғонистон алайҳи ҳукумати Толибон эътироз доранд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, сокинон Толибонро ба зулм, беиҷоза ворид шудан ба хонаҳояшон ва қатли сокинони бегуноҳ муттаҳам мекунанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон мегӯяд, ҳукумат мехост, кишти кукнорро нобуд кунад, вале сокинон эътироз карданд.

Мардум ин ҳарфи Толибонро дурӯғ меноманд.

Мақомоти Толибон гуфтанд, ки як гурӯҳро барои баррасии вазъ ба Бадахшон равон кардаанд.

Дар наворҳо сокинон зулми Толибон ва фишор болояшонро сабаби эътироз медонанд.

Сокинон мегӯянд, Толибон чанд рӯз пеш як сокини бегуноҳро қатл карда, ба дигарон фишор меоранд.

Толибон моҳи августи соли 2021 Афғонистонро тасарруф карданд. Ҳеч кишваре ҳукумати ин гурӯҳро эътироф накардааст.

XS
SM
MD
LG