Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Чех гуфтанд, ҷосуси рус аз шиносномаи тоҷикӣ истифода кардааст


"Николай Попа" (Александр Мишкин) ва Руслан Табаров (Анатолия Чепига)
"Николай Попа" (Александр Мишкин) ва Руслан Табаров (Анатолия Чепига)

Мақомоти ҷумҳурии Чех ба хулосае омадаанд, ки анбори аслиҳа дар деҳаи Врбетитсеро кормандони Идораи марказии иктишофи низомии Русия (ГРУ) таркондаанд.

Яке аз онҳо бо шиносномаи тоҷикӣ ва ному насаби Руслан Табаров (санаи таваллуд 23-юми октябри соли 1975) аз номи Горди милии Тоҷикистон дархости ворид шудан ба анбори аслиҳаро карда будааст. Дигаре аз шиносномаи Молдова ба номи Николай Попа истифода бурдааст. Мақомоти ҷумҳурии Чех гуфтаанд, дар асл онҳо Анатолия Чепига ва Александр Мишкин, ҷосусони Русия будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳам соли 2021, вақте мавзуи истифода аз шиносномаи тоҷикӣ расонаӣ шуд, гуфта буданд, ки ба нафаре бо номи Руслан Табаров шиноснома надодаанд.

Ин ду нафар қаблан бо номи "Боширов" ва "Петров" дар соли 2018 дар Бритониё ҷосуси дугонаи рус Сергей Скрипал ва духтарашро заҳролуд карда буданд.

Иржи Мазанек, сардори Маркази миллии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ҷумҳурии Чех гуфтааст, ки ҳадафи онҳо ҷилавгирӣ аз интиқоли силоҳ ба Украина ва Сурия будааст.

Чехия: ҷосуси рус аз шиносномаи тоҷикӣ истифода кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:05 0:00

Мақомоти Чех ҳанӯз соли 2021 шубҳа карда буданд, ки таркиши анбори аслиҳа дар соли 2014 дар марзи ин кишвар бо Словакия кори дасти ҷосусони рус аст.

Полиси Ҷумҳурии Чех гуфта буд, ин ду ҷосуси рус аз 11 то 16-уми октябри соли 2014 дар Чехия будаанд.

Бино ба маълумоти мақомоти амниятии Чехия, "Петров" ва "Боширов" аз Русия бо шиносномаҳои русии худ вориди Чехия шуда, шиносномаҳои тоҷикӣ ва молдовиро танҳо ҳангоми вуруд ба анбори аслиҳаи Врбетитсе ба кор бурдаанд. Дар ин замина гуфта мешавад, онҳо аз номаи фармондеҳии Горди Миллии Тоҷикистон истифода карда, ҳадафи худро шиносоӣ бо анвои силоҳ ва муҳиммоти ҷангии мавриди фурӯш номидаанд.

Гуруҳи тафтишотии Bellingcat дар як таҳқиқоти худ ҳанӯз дар соли 2018 ба хулосае омада буд, ки номҳои аслии "Боширов" ва "Петров" – Алексей Чепига ва Александр Мишкин буда, онҳо кормандони ГРУ, хадамоти иктишофии Русия ҳастанд.

XS
SM
MD
LG