Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 4 пулис дар Русия барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ


Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.
Пулиси Русия. Акс аз бойгонӣ.

Кумитаи тафтишотии Русия зидди 14 сокини шаҳри Балашихаи вилояти Маскав, аз ҷумла чаҳор корманди пулис бо гумони ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ тафтишот шуруъ шудааст.

Дар Кумитаи тафтишотии Русия гуфтанд, дар миёни гумонбарон сардори шуъбаи минтақавии Вазорати корҳои дохилии ин кишвар, ду зердасти ӯ ва як коромӯз низ ҳастанд.

Бино ба фарзияи муфаттишон, гумонбарон бар ивази беш аз як миллион рубл шаҳрвандони хориҷиро дар шаҳрҳои Реутов ва Балашиха ғайриқонунӣ дар қайд гузошта, ба онҳо шаҳодатномаи қалбакӣ дар бораи донистани забони русӣ ва санадҳои дигарро додаанд.

Дувоздаҳ тан аз гумонбарон ба ҳабси пешакӣ ва ду нафари дигар ба ҳабси хонагӣ гирифта шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Русия назорати муҳоҷиронро баъди ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити Холл"-и Маскав дар охирҳои моҳи марти имсол сахттар кардааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, шикояти муҳоҷирон дар бораи латтукӯб шудан, боздоштҳои ғайриқонунӣ ва ихроҷ аз Русия баъди ҳодисаи мазкур афзудааст.

XS
SM
MD
LG