Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

47 зану кӯдаки дигари тоҷикро аз Сурия ба Душанбе оварданд


Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, 25-уми апрели 2024
Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, 25-уми апрели 2024

Як гурӯҳи дигар аз занону кӯдакони тоҷикро рӯзи 25-уми апрел аз Сурия ба Душанбе оварданд. Мақомот дар баёняие гуфтанд, ки онҳо намояндагони сездаҳ оила ҳастанд. 47 нафар -- 15 зану 17 духтару 15 писар. Синнашон маълум нест.

Ҳарчанд дар баёнияи расмӣ ишора накардаанд, онҳо зану фарзандони ҷангҷӯёни пешини гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд.

Бархе ба воситаи шавҳару падарони худ ба Ховари Миёна бурда шуда, иддае дар онҷо ба дунё омадаанд. Аз соли 2018, пас аз шикасти ДОИШ дар Ироқ ва Сурия, дар урдугоҳҳо мезистанд.

"Занону кӯдакони баргардондашуда пас аз гузаронидани корҳои офиятбахшӣ ва ҳамгироии иҷтимоӣ ба муҳити оила баргардонда мешаванд," – гуфта шудааст дар баёния.

Зубайдулло Зубайдзода
Зубайдулло Зубайдзода

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Сурия, рӯзи 25-уми апрел ба хабарнигорон гуфт, 90 дарсади занону кӯдакони тоҷикро, ки "дар шароити бисёр ногуфтанӣ" дар Ироқу Сурия буданд, ба ватан баргардонданд.

"Шахсоне, ки хоҳиши зиёд доштанд, баргаштанд. Шумораи онҳое, ки мондаанд, он қадар бисёр нест. Фикр мекунам, шаҳрвандони боқимонда низ дар рӯзҳои наздик баргардонда хоҳанд шуд," – афзуд ӯ.

Занону кӯдаконро бо ин ҳавопаймо аз Сурия оварданд
Занону кӯдаконро бо ин ҳавопаймо аз Сурия оварданд

Аз соли 2019 то 2023 мақомоти Тоҷикистон бо ёрии созмонҳои байнулмилалӣ 334 зан, наврас ва кӯдакро аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба Тоҷикистон баргардонда буданд.

Ҳукумат имсол бо қабули барномаи вижа эълон кард, ки "мафкураи ифротии баъзе аз занону кӯдакон"-ро аз байн бурданист. Ин барнома мадади пизишкию равонӣ ва ёрӣ барои дарёфти ҷойи корро ба занону фарзандони ҷангҷӯён ҳам дар назар дорад.

Аз замони зуҳури ДОИШ дар соли 2013 зиёда аз 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба Сурияву Ироқ рафта, аксари онҳо зану фарзандонашонро ҳам бо худ бурданд ва ё дар он ҷо оила сохтанд. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти имсол дар мулоқот бо рӯҳониён гуфт, ки "зиёда аз ҳазор нафари онҳо кушта шуда", дигарон беному нишон гардидаанд.

Фурудгоҳи Душанбе, 25-уми апрели 2024
Фурудгоҳи Душанбе, 25-уми апрели 2024
XS
SM
MD
LG