Рӯзҳои 21-22-юми апрел дар Тайланд бозиҳои даври сеюми Ҷоми Осиё-2024 баргузор шуданд, ки аз рӯи натиҷагирии онҳо ҳамаи иштироккунандагони даври чорякниҳоии мусобиқа муайян шуданд.
Дар чорякфинал 24-уми апрел мунтахаби Тоҷикистон, ғолиби гурӯҳи “С”, бо тими миллии Афғонистон, ки дар гурӯҳи «D» мақоми дуюмро касб кард, рақобат мекунад. Ин бозӣ дар Бангкок соати 12:00 бо вақти Душанбе оғоз меёбад.
Се бозии дигари даври чорякниҳоӣ дар Бангкок рӯзи чоршанбе байни дастаҳои Эрон - Қирғизистон (14:00), Тайланд - Ироқ (16:00) ва Узбекистон - Ветнам (19:00) доир мегардад.
Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзи ҷумъаи 26-уми апрел ва бозии ниҳоӣ рӯзи якшанбеи 28-уми апрел баргузор мешаванд.
Ёдовар мешавем, бозии даври охирини гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Ҷопон 22-юми апрел дар шаҳри Бангкок, дар маҷмааи варзишии “Бангкок Арена”, доир гардид.
Дар нимаи аввали дидор, дар дақиқаи 12-ум, Кентаро Ишида аз дастаи Ҷопон, ҳисобро боз кард. Голи ҷавобиро Муҳаммадҷон Шарипов дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 26-ум, ба самар расонд.
Ин бозии ҷолибу пуршиддат, ки бо ҳисоби 1:1 ба поён расид, футзалбозони тоҷикро хушҳол кард. Онҳо бо роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов бо касби 5 имтиёз ғолиби гурӯҳ шуда, ба плей-офф баромаданд.
Аммо тими миллии Ҷопон, ки қаҳрамони феълии Осиё мебошад, зери роҳбарии сармураббӣ Кенчиро Когуре бо касби 4 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор гирифт ва аз ҳаққи иштирок дар даври чорякниҳоии мусобиқа маҳрум гашт.
Дастаи мунтахаби Қирғизистон, ки 20-уми апрел бозии даври сеюмро дар гурӯҳи “С” бо тими миллии Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 5:5 анҷом дод, бо касби 5 имтиёз мақоми дуюмро соҳиб шуд ва ба плей-офф роҳ пайдо кард.
Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ, ки бо касби як имтиёз дар ҷадвали гурӯҳ охирин шуд, ба мисли ҷопониҳо мусобиқаро тарк менамояд.
Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад ва бори сеюм аст, ки ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбад.
Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);
Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Ҷоми Осиё-2024
Гурӯҳи “С”
Даври сеюм
Ҷопон – Тоҷикистон - 1:1
Голҳо: Кентаро Ишида, 12 (1:0). Муҳаммадҷон Шарипов, 26 (1:1).
22-юми апрел. Бангкок. Маҷмааи варзишии «Бангкок Арена».
Кореяи Ҷанубӣ – Қирғизистон – 5:5
Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи “С”
Ҷ |
Дастаҳои мунтахаб |
Б |
Ғ |
М |
Б |
Т |
И |
1 |
Тоҷикистон |
3 |
1 |
2 |
0 |
5-3 |
5 |
2 |
Қирғизистон |
3 |
1 |
2 |
0 |
10-9 |
5 |
3 |
Ҷопон |
3 |
1 |
1 |
1 |
8-4 |
4 |
4 |
Кореяи Ҷанубӣ |
3 |
0 |
1 |
2 |
5-12 |
1 |
Шонздаҳ дастаи мунтахаби иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда буд. Аз гурӯҳи “А” Тайланд ва Ветнам, аз гурӯҳи “В” Узбекистон ва Ироқ, аз гурӯҳи С” Тоҷикистон ва Қирғизистон, аз гурӯҳи “D” Эрон ва Афғонистон ба плей-офф роҳ ёфтанд.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Гуфтугӯ