Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мусовии мунтахаби футзали Тоҷикистон бо Қирғизистон


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дувумашро дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд бо тими миллии Қирғизистон бо ҳисоби 2:2 анҷом дод.

Бозии даври дувуми гурӯҳи “С” миёни тимҳои миллии футзали Тоҷикистону Қирғизистон 20-уми апрел дар шаҳри Бангкок, дар маҷмааи варзишии “Бангкок Арена”, баргузор шуд.

То дақиқаи 30-юми бозӣ ҳисоб 2:0 ба суди футзалбозони тоҷик буд. Голҳоро Баходур Хоҷаев (дақиқаи 9-ум) ва Комрон Алиев (30) ба самар расонданд.

Вале баъдан дар муддати чаҳор дақиқа Шоҳрух Маҳмадаминов (36) ва Мақсат Алимов (40) аз дастаи Қирғизистон ду гол зада, ҳисоби бозиро баробар карданд – 2:2.

Бозии дигари даври дувум дар ин гурӯҳ 20-уми апрел миёни тимҳои миллии Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон бо пирӯзии ҷопониҳо бо ҳисоби бузурги 5:0 ба поён расид.

Баъди натиҷагии ду даври мусобиқа дар гурӯҳи “С” дастаҳои Тоҷикистону Қирғизистон бо чаҳоримтиёзӣ пешсафанд. Ҷопон се имтмиёз дорад, Кореяи Ҷанубӣ имтиёз нагирифтааст.

Бозиҳои даври охирин дар гурӯҳи “С” рӯзи душанбеи 22-юми апрел доир мегарданд. Мунтахаби Тоҷикистон бо қаҳрамонии феълии Осиё тими Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ бо Қирғизистон бозӣ мекунанд. Ҳарду бозӣ дар як замон – соати 16:00 бо вақти Душанбе шуруъ мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар гурӯҳи “С” 18-уми апрел бар тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буд.

Дарвоқеъ, мунтахаби Тоҷикистон бори дувоздаҳум дар таърихи худ дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат дорад.

Натиҷаи аз ҳама беҳтарини футзалбозони тоҷик роҳ ёфтан ба даври чорякниҳоӣ мебошад. Мунтахаби Тоҷикистон ду бор (солҳои 2007 ва 2022) ба чорякфинал баромадааст.

Ҳайати тими миллии футзали Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2024 дар Тайланд:

Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов («Истиқлол»), Муродулло Алиқулов («Амонатбонк»);

Бозигарони майдонӣ: Файзалӣ Сардоров, Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Бахтиёр Солиев, Самандар Ризомов (ҳама аз «Соро компания»), Муҳаммадҷон Шарипов, Некрӯз Алимаҳмадов, Комрон Алиев, Насратшо Исмоилов, Абдуқаюм Умаров (ҳама аз «Истиқлол»), Умед Қузиев («Амонатбонк»), Баҳодур Хоҷаев («Истаравшан»).

Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.

Шонздаҳ дастаи мунтахаби иштироккунандаи марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудааст.

Таркиби гурӯҳҳо:

Гурӯҳи "А"

Тайланд

Ветнам

Мянмар

Чин

Гурӯҳи "В"

Узбекистан

Арабистони Саудӣ

Ироқ

Австралия

Гурӯҳи "С"

Ҷопон

Тоҷикистон

Кореяи Ҷанубӣ

Қирғизистон

Гурӯҳи "D"

Эрон

Кувайт

Баҳрайн

Афғонистон

Гурӯҳи “С”

Даври дуюм

Қирғизистон – Тоҷикистон – 2:2

Голҳо: Баҳодур Хоҷаев, 9 (0:1). Комрон Алиев, 30 (0:2). Шоҳрух Маҳмадаминов, 36 (1:2). Мақсат Алимов, 40 (2:2).

20-уми апрел. Бангкок. Маҷмааи варзишии «Бангкок Арена». 106 тамошобин.

Кореяи ҶанубӣҶопон – 0:5

Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар гурӯҳи “С”

Ҷ

Дастаҳои мунтахаб

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Тоҷикистон

2

1

1

0

4-2

4

2

Қирғизистон

2

1

1

0

5-4

4

3

Ҷопон

2

1

0

1

7-3

3

4

Кореяи Ҷанубӣ

2

0

0

2

0-7

0

22-юми апрел (душанбе)

16:00 – Ҷопон – Тоҷикистон

16:00 – Кореяи Ҷанубӣ – Қирғизистон

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

Пас аз анҷоми даври гурӯҳӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ муборизаро барои медалҳо идома дода, ҷуфтҳои даври чорякниҳоиро ташкил медиҳанд.

Дар сурати ба чорякфинал роҳ ёфтан мунтахаби Тоҷикистон бо яке аз дастаҳои гурӯҳи "D" – Эрон, Кувайт, Баҳрайн ё Афғонистон - бозӣ хоҳад кард.

Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин, ба истиснои тими мизбон - Узбекистон, ба Ҷоми ҷаҳон-2024, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар шаҳрҳои Тошканд, Андиҷон ва Бухоро доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG