Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борону сел дар Афғонистон боис ба марги 33 кас шудааст


Гурӯҳи "Толибон" беш аз се сол боз ҷилави ҳукуматро дар Афғонистон ба даст дорад
Гурӯҳи "Толибон" беш аз се сол боз ҷилави ҳукуматро дар Афғонистон ба даст дорад

Бориши зиёди борон ва омадани сел дар се рӯзи охир дар Кобул ва гӯшаҳои дигари Афғонистон, аз ҷумла Панҷшеру Ҳирот, боис ба вайронии садҳо хона ва марги дастикам 33 кас шудааст.

Муллоҷонон Сойиқ, сухангӯйи Вазорати ҳолатҳои изтирории ҳукумати "Толибон", рӯзи 14-уми апрел гуфт: "Мутаассифона, бар асари омадани сел 33 нафар фавтида, 27 кас осеб диданд. Тақрибан 606 хона дар деҳаҳо вайрон гашт."

Як сокини деҳае дар вилояти Ҳилманд ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт, "сел заминҳои кишоварзӣ ва хонаҳои моро хароб ва чорвои моро нобуд кард. Минтақаи мо дар миёни ду рӯдхона аст."

Ба сокинон дар Афғонистон ҳушдор додаанд, ки ин шабу рӯз ба соҳили рӯдхонаҳо ва минтақаҳои таҳти хатар нараванд.

Созмони Милал мегӯяд, Афғонистон яке аз даҳ кишвари осебпазиртарин дар баробари тағйири иқлим дар ҷаҳон аст, вале барои мубориза бо пайомадҳои он имконоти кофӣ надорад.

Гурӯҳи "Толибон", ки дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон созмони тундрав шинохта шудааст, беш аз се сол боз ҷилави ҳукуматро дар Афғонистон ба даст дорад,

XS
SM
MD
LG